Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист
Бархурди муҷримон бо муъминон - бахши аввал
Ба муъминон механданд
Худои Мутаол дар ояи 29 сураи Мутаффифин мефармояд:
إِنَّ الَّذِينَ أَجْرَمُوا كَانُوا مِنَ الَّذِينَ آمَنُوا يَضْحَكُونَ
Дар ҳақиқат муҷримон ва бадкорон (дар дунё) ҳамеша ба муъминон механдиданд.
Аз ин оя меомӯзем:
1 ) муъминон бояд омодаи бархурдҳои норавои гунаҳкорон ва муҷримон бошанд.
2 ) хандаи муҷримон шуморо дилсард накунад.
3 ) муҷрим ба гуноҳи худ қонеъ нест ва муъминонро таҳқир мекунад то ба онон зарбаи рӯҳӣ бизанад.
4 ) ин хандаи тамасхуромез ва таҳқиркунандаи муҷримон доимӣ ва ҷиддӣ аст.
5 ) ба хотири имон ба Худо сахтиҳоро таҳаммул кунед ва ҳаргиз даст аз имон барнадоред.
6 ) ҳақиқатҳо ва воқеиятҳои зиндагии дунёро аз Қуръони Ҳаким биёмузем ва бар асоси он зиндагӣ кунем.
Худоё, ба мо тавфиқи имону истиқомат то расидан ба саодат марҳамат намо ва аз шарри муҷримон дар паноҳи худат ҳифз кун.
Илоҳӣ омин
Саломиддин Муҳаммадамин
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1