Эй бехабар, масӯз нафас дар ҳавои файз,
Бе чоки сина нест чу субҳ ошнои файз.
Эй дона, кулфати надамидан ғанимат аст,
Расво машав ба иллати нашвунамои файз.
Танҳо на расми ҷуду карам дар ҷаҳон намонд,
Тавфиқ низ рафт зи мардум қафои файз.
Ҳиммат чӣ мумкин аст кашад нанги интизор?
Мурдан аз он беҳ аст, ки бошӣ гадои файз.
Соҳибдилӣ, зи гарди раҳи фақр сар матоб,
Хокистар аст оинаро тӯтиёи файз.
Ғофил машав зи нола, ки дар гулшани ниёз
Меболад ин ниҳол ба обу ҳавои файз.
Дилро абас ба кулфати авҳом хун макун,
То зиндагист, нест ҷаҳон бе салои файз,
Пастӣ далели офияти аҷзи мо бас аст,
Афтодагист нақши қадамро асои файз.
Бар бӯи субҳ даст зи домони шаб мадор,
Файз аст қулфате, ки кунад иқтизои файз.
Эй шамъ, субҳ медамад, аз хеш рафтане,
Бар ашку оҳ чанд гузорӣ бинои файз?
Ҳусн аз саводи улфати ҳайрат намеравад,
Лағзидааст дар дили оина пои файз.
Субҳ аз нафас паре ба такаллуф фишонду рафт,
Яъне, дар ин ситамкада танг аст ҷои файз.
Бедил, зи ташнакомии ҳирси ту дур нест,
Гар борад аз сипеҳр фалокат ба ҷои файз.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев