Пири ману муроди ман, дарди ману давои ман,
Фош бигуфтам ин сухан, Шамси ману Худои ман.
Аз ту ба Ҳақ расидаам, ой Ҳақи ҳақгузори ман.
Шукри туро ситодаам, Шамси ману Худои ман.
Мот шавам зи ишқи ту, зон ки Шаҳи ду олами.
То ту маро назар куни, Шамси ману Худои ман.
Маҳв шавам ба пеши ту, то ки асар намонадам.
Шарти адаб чунин бувад, Шамси ману Худои ман.
Шаҳпари Ҷабраилро тоқати он куҷо бувад.
Каз ту нишон диҳад маро, Шамси ману Худои ман.
Ҳотами Той куҷо ки то, буса диҳад рикобро.
Вақти сахову бахшиш аст, Шамси ману Худо ман.
Исо мурда зинда кард, дид фанои хештан.
Зиндаи ҷовидон туи , Шамси ману Худои ман.
Абр биёву об зан, Машриқу Мағриби ҷаҳон.
Сур ба дам ки мерасад, Шамси ману Худои ман.
Ҳуру Қусурро бигу, рахт берун бар аз биҳишт.
Тахт ба неки мерасад, Шамси ману Худои ман.
Каъбаи ман куништи ман, дузахи ман биҳишти ман.
Муниси рузгори ман , Шамси ману Худои ман.
Барқ агар ҳазор сол чарх занад ба Шарқу Ғарб.
Аз ту нишон кай оварад, Шамси ману Худои ман.
Наъраи ҳою ҳуйи ман, аз дари Рум то ба Балх.
Асл куҷо хато кунад, Шамси ману Худои ман.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев