Гузашт умрам ба ғафлат, бехабар будам, надонистам,
Ғариби бенавойи навсафар будам, надонистам.
Зи ман оҷиз дар ин ҳаждаҳ ҳазор оламаш набвад,
Зи ҳар махлуқ, ман дармондатар будам, надонистам.
Саросар ғарқи исёну ба лаб лофи мусалмонӣ,
Чӣ суд аз зиндагӣ, ки андар зарар будам, надонистам.
Заламно гуфт аз як дона гандум ҷадди аълоям,
Барои гиря пайрав бо падар будам, надонистам.
Ғалат фикри иқомат андар ин куҳна работи дун,
Яке аз талх коми раҳгузар будам, надонистам.
Ниҳолам то дамид дар боғи даврон дар парешонӣ,
Зи по афтодаву захми табар будам, надонистам.
Бани Одам гирифтор аст дар сад уқбаи мушкил,
Зи тарси Ҳақ чу Нуҳ навҳагар будам.надонистам.
Биё соқӣ Ҷунуни ташналаб азми сафар дорад,
Ки ман ғофил аз ин таъми шакар будам, надонистам.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1
Маъсиятро ханда меояд зи истиғфори мо.