Ба суйи кулбаам шоме, ки он шамъи висол ояд,
Дилам аз сина берун ҳамчу фонуси хаёл ояд.
Шавад мижгон ба чашми ашкборам нахли боровар,
Дар оғӯши тамошоям агар он навниҳол ояд.
Ба дасти зулфи ғаммозаш магар афтода мактубам,
Ки мурғи номабар аз куйи у ошуфта ҳол ояд.
Ҳилоли нохун аз гулхои доғам даст бардорад,
Ба дилпурсӣ агар он лоларуйи хурдсол ояд.
Гиребони тулуъи субҳ гардад остини ман,
Ба дасти кутаҳам рузе, ки домони висол ояд.
Ба ёди чашми у аз шаҳр агар берун кашам худро,
Ба истиқболи ман аз домани саҳро ғизол ояд.
Зи абруяш надида қосиди ман гушаи чашме,
Нигоҳам аз тамошояш ба қадди ҳамчу дол ояд
Лаби хушки маро руйи арақдори ту тар созад,
Ба коми соғарам аз ҷуйи Хизр оби зулол ояд.
Дукони хешро, ай Сайидо, рузе, ки бикшоям,
Матоамро харидорикунон гарди малол ояд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев