Предыдущая публикация
Эй саги он сари кӯҳ, мову ту ёрони ҳамем,
Хоки поем, ба ҳар ҷо ки равӣ, дар қадамем.
Ёри мо нест ситамкору ҷафо пеша, вале
Мо зи бахти бади худ қобили ҷавру ситамем.
Ҳеч кас нест, ки уро ба ҷаҳон нест ғаме,
Мо ки бе қайди ҳаётем, гирифтори ғамем.
Бешу кам ҳар чй ба мо мерасад аз ғайб, накуст,
Ту мапиндор, ки мо дар талаби бешу камем.
Омадем аз адам, аз мо агарат ҳаст малол,
Боз моро бинигар, сокини куи адамем.
Аз дари хеш марон ҳамчу Ҳилолӣ моро,
Ҳурмате дор, ки мо сокини байт ул ҳарамем.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев