Чист ҳастӣ? Ҷонканиву чист ин шахси маҷоз?
Нусхаи маҳвинтизорӣ. Умр чӣ? Ранҷи дароз.
Чист гардун? Домгоҳе. Чист дунё? Донае,
Одамӣ чӣ? Мурғакеву дев ӯро домбоз.
Айш чӣ? Ваҳми хаёле. Дилхушӣ? Саъйи вабол.
Чист роҳат? Бемисолу фикри ишрат? – Ноҷавоз.
Ганҷ чӣ? Биъдатсабил. Мол чӣ? Яъне, биҳил.
Бар кӣ? Бар шӯи зану дигар кӣ? Бар домод боз.
Чист ихвон? Хайли душман. Кист абно? –Зулфатан,
Чист душман? Ҷонрабову фитна? Воҷибэҳтироз.
Эманӣ чӣ? Дарки узлат. Ҷамъият чӣ? Тарки халқ,
Ҳалқаи мор аст суҳбат. Ҳамнишинон? Морбоз.
Навбаҳорон? Ҷӯши савдо. Боғ чиву роғ чӣ?
Боргоҳи нолаву орамгаҳи чуғзу зуқоз.
Ҳосили даврон чӣ? Ҳирмон. Боқии ашё чӣ? Ҳеч.
Эй таманно, шав! Чӣ? Об бар ҷабҳа, аз хиҷлат ниёз.
Ҳаст. Чӣ? Шоҳе писанду шаҳ, кӣ? Зарбахши ҳарам,
Зеҳ. Чӣ? Султоне, ки созад зердастон сарфароз.
Нестам, Кӣ? Ҳамнишин. Чӣ сар кунам? Тимори дил.
Худ ба худ, Ҳоҷӣ, чи сон, девонаваш дорем роз.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев