Биё, эй бедили аз кор монда,
Зи бим андару паси девор монда.
Далери кун, ки майдон аз далер аст,
Агар рубаҳ далер афтод, шер аст.
Диле к-аз ҳайбати оҳе биларзад,
Бари соҳибдилон коҳе наярзад.
Далероне, ки дур аз бим буданд,
Сипаҳсолори ҳафт иқлим буданд.
Чӣ хуш гуфтанд мардони ҷигар дор,
Ки пое пеш неҳ, дасте бурун ор.
К-аз ин даст аз ҳама кас пеш бошӣ,
Ба ин по аз ҳама кас пеш бошӣ.
Раҳи саҳрои расвои гурез аст,
Калиди мамлакат шамшери тез аст.
Ба як дам оламеро фатҳ, кардан
Беҳ аз нанги ҳама олам ба гардан.
Сари душман равон аз тан ҷудо кун,
В-агарна, рав, сари худро фидо кун.
Агар сад сол зери санг бошӣ,
Аз он беҳтар, ки зери нанг бошӣ.
Зи ғайрат гар яке мардонагӣ кард,
Ту гуй ҷоҳиле девонагӣ кард.
Магу ҷоҳил, ки ҷои ҳайрат аст ин,
Беҳ аз сад оқили боғайрат аст ин.
Матарс аз ҷон, ки гар дил тарснок аст,
Ҳам аз тарси худаш бими ҳалок аст.
Қавидил шав, ки дар майдони мардӣ,
Гар аз куштан битарсӣ, кушта гардӣ.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1