Предыдущая публикация
Чораи дил ақли пуртадбир натвонист кард,
Хизр ин вайронаро таъмир натвонист кард.
Розҳо аз пардаи дил оқибат берун фитод,
Ғунча буи хешро тасхир натвонист кард.
Маҳв шуд ҳар кас, ки дид он чашми хоболудро
Ҳеч кас ин хобро таъбир натвонист кард.
Неъмати дунё зарифи иштиҳои хирс нест,
Чашми муреро Сулаймон сер натвонист кард.
Ҳалқаи дар аз даруни роз бошад бехабар
Матлаби дилро забон такрир натвонист кард.
Бо балои осмони панҷа кардан мушкил аст,
Барқро дур аз наистон шер натвонист кард.
Дар канори хок умри мо ба хун хурдан гузашт,
Модари бемеҳр хунро шир натвонист кард.
Аз таҳи дил ҳеҷ кас, Соиб, дар ин бустонсаро
Хандае чун ғунчаи тасвир натвонист кард.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1