Нозанин ҷони падар, ҳушам парешон кардаӣ,
Дидаро дар интизорат абру борон кардаӣ.
Сухтам андар ҷаҳон, чун тоқати сабрам намонд,
Навбаҳори шодиамро чун зимистон кардаӣ.
Қоматам хам гашт аз доғи ҷудоӣҳои ту
Нури чашмамро рабудӣ, дил чу бирён кардаӣ.
Дар ҷаҳон ҳаргиз нахоҳам бе ту оби зиндагӣ,
Рузи равшанро ба чашмам чун шабистон кардаӣ.
Устухонам сӯхтӣ , афгор шудам андар ғамат,
Ҷон ба дасти Ҳақ бувад , ин ҷисм беҷон кардаӣ.
Шукрати руи туро ҳаргиз накардам дар ҷаҳон
Мубталоям сохти, хоке ба чашмонам кардаӣ.
Зиндагонӣ талх кардӣ бар ман , эй ҷони падар
Дар ҷаҳонам сухтӣ, руят чӣ пинҳон кардаӣ.
Интизорам дар фироқи руи Мирзобеки ҷон,
Ин ҷаҳонро дар назар монанди зиндон кардаӣ.
Гуфта будам , ман бимирам пеш аз ин ҳар ду писар,
Ту маро дар кӯчаҳо ба хок яксон кардаӣ.
Эй Мулло Шамшер, бикун сабре бад- ин ҳукми Худо ,
Ту чаро дар кори Ҳақ худро парешон кардаӣ?
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1