Предыдущая публикация
3-он пештар ки ақл шавад раҳнамун маро,
Ишқи ту раҳ намуд ба куи ҷунун маро.
Ҳам сина шуд пуроташу хам дида шуд пуроб,
Дар обу оташ аст даруну бурун маро.
Шухе ки буд мурдани ман коми у, куҷост?
То бар муроди хеш бибинад кунун маро.
Хоки дарат зи қатли ман оғушта шуд ба хун,
Охир фиканд ишқи ту дар хоку хун маро.
Чашмат, ки сабру хуши Ҳилолй ба ғамза бурд,
Хоҳад фасона сохтан аз як фусун маро.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев