Худовандо гуноҳ бисёр дорам,
Гунаҳкорам бад ин ақрор дорам.
Манам аз ҷони ғафлат гашта сармаст,
Зи по афтода умрам рафт аз даст.
Иллоҳо то дар ин олам асирам,
Зи луфти хеш бошӣ дастгирам
Маошам бахш аз касби ҳалолам,
Ҳаромиро макун дохил ба молам.
Ба ҳар ҷо по ниҳам хайрам ба пеш ор,
Дилу дастам зи кор бад нигоҳ дор.
Раҳи таҳқиқро бар ман ато кун,
Зи ман ёри мунофиқро ҷудо кун.
Маро бесабру саргардон магардон,
Зи бад гуёну бадкорон магардон.
Илоҳо толеъамро қуввате бахш,
Барои кори хайрам фурсате бахш.
Диламро бодаи раҳмат бинушон
Танамро хилқати раҳмат бипушон.
Илоҳо то ватан дорам ҷаҳонро,
Ба ман манмой фироқи дустонро.
Фузун кун дар дили ман майли тоат,
Бидеҳ ё Рабъ маро ганҷи қаноат.
Агар азми сафар созам зи маскан,
Бикун лутфи худат ҳамроҳ бо ман.
Макун ё Рабъ маро мағрури худбин,
Забонамро бидеҳ гуфтори ширин.
Зи лутфи хеш бигзар аз гуноҳам,
Ки ман аз кардаи худ руҳсиёҳам,
Каримо, Кирдигоро, Подшоҳо,
Макун моил ба ҳар бадфеъл моро.
Маро аз ҳамраҳи нодон ҷудо соз,
Ба вақти мурданам имон ато соз.
Дар он торики меҳнат хонаи гур,
Барафруз аз чароғи лутфи худ нур.
Атоӣ бар дили гумроҳи ман кун,
Муҳаммадро шафоатхоҳи ман кун.
Ба ҳаққи хӯйи некуи Муҳаммад,
Ба ҳаққи ҳар ду гесуи Муҳаммад.
Ба ҳаққи Ҳайдар он Шоҳи вилоят,
Ки аз ман кам макун лутфи аноят.
Худовандо ба ҳaқи Шоҳи мардон,
Маро муҳтоҷи номардон магардон.
Зи ман хушнуд кун Шоҳи замонро,
Паноҳи дини ман гардон Ҳасанро,
Ба ҳаққи нақди султони диловар.
Ҳусайни карбало комам баровар,
Паноҳам соз Зайнулобиддинро,
Шафеам соз Боқир Шоҳи динро.
Ба ҳайи субҳи содиқ содиқам соз,
Ба Нури Шоҳкарим ҳам ошиқам соз.
Худовандо ба ҳаққи Шоҳи мардон,
Ки кори мушкиламро соз осон .
Фузун дар дилам ёди Алиро,
Шафеам соз авлоди Алиро.
Ба оби чашми муштоқони содиқ,
Ба оби руйи мазлумони содиқ.
Ба оҳуву нолаву шоми ғарибон,
Ба оби чашми хунини ятимон.
Ки аз кори бадам озод гардон,
Ба ёри некхоҳон ёр гардон.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1