Предыдущая публикация
Кушт Мусоро касе, ки душмани Мусост ӯ,
Дар ҷаҳон малъуну андар охират расвост
ӯ.
Мо намедонем вайро гарчи андар ин
ҷаҳон,
Назди виҷдони худу пеши Худо пайдост ӯ.
Сулҳи қабл аз ҷангро мехост Мусо баҳри
мо,
Сулҳи баъд аз ҷангро бегуфтугу мехост
ӯ.
Аҳриман аз кори Мусо сахт нороҳат бишуд,
Душмани дини Худо ларзид чун бархост
ӯ.
Ҳар гуруҳе хоҷае меҷуст берун аз Ватан,
Такя кардан руи пойи хештан мехост ӯ.
Пайкари ӯро бибояд сохтан дар мулки мо,
То бубинад Аҳриман бори дигар бархост
ӯ.
Рамзи Масчоҳи Шарифу родмарди миллат
аст,
Душмани тоҷик бидонад зинда дар Масчост ӯ!( Устод Абдурашиди Фозил)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 10