Предыдущая публикация
ҳам номи ту
Зебо аст
Гули рухсораат зебову
андоми ту зебо
аст.
Саломам дода доим
бигзарӣ хандида аз
пешам,
Салому ҳам калому ҷумла
пайғоми ту
зебо аст.
Зару зевар надорад
қиммате пеши
ҷамоли ту,
Ҷилои пайкари чун
нуқраи хоми ту
зебо аст.
Ту фасли ишқу фасли
бахту фасли
навбаҳоронӣ,
Саропо ғарқи гул бошӣ,
ки айёми ту
зебо аст.
Намезебад, ки чун
булбул нишинам
дар бари ҳар гул,
Нишастан чун кабӯтар
дар лаби боми ту
зебо аст.
Дили ман бастаи зулфи
ту шуд, аммо
наменолам,
Барои мурғи дилҳо
ҳалқаи доми ту
зебо аст.
Нависам шеъри нав ҳар
субҳу шом аз
зулфу рӯи ту,
Ки рӯи ҳамчу субҳу зулфи
чун шоми ту
зебо аст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев