ПАНДНОМА...📖 РАҲОЯШ СОЗЕД... **** Душмане, ки нашавад, дӯст раҳояш созед, Бухлу кин бештар аз ӯст, раҳояш созед. Дӯст хонед, касеро, ки мурувват дорад, Он, ки бадхӯст, на некӯст раҳояш созед.
    1 комментарий
    26 классов
    ШОҲБАЙТ...📖 **** Ҷаҳон пур гаштааст аз панди инсон, Ки бояд зистан ин сону он сон. Ба як ҳарфат кунам онро хулоса, Чунон зӣ, к-одамон хонандат Инсон! ✍️ Аскар Ҳаким
    0 комментариев
    37 классов
    ПАНДНОМА...📖 .......Анӯшервони Одил ба хотири пиразане, ки нахост хонаи канори қасрбудаашро бифурӯшад, девори қасрро каҷ бино намуд. ...... Яке аз бузургон пурсид: ---- Ин каҷӣ аз баҳри чист?... Анӯшервон гуфт: ---- Ин каҷӣ аз ростии мост.
    0 комментариев
    18 классов
    ПАНДНОМА...📖 **********🥀📖🥀********** Чун кор на бар муроди мо хоҳад рафт, Андешаи ҷаҳди мо куҷо хоҳад рафт? Пайваста нишастаем дар ҳасрати он-к Дер омадаему зуд мебояд рафт...
    0 комментариев
    63 класса
    РУБОИЁТ...📖 ________🥀📖🥀________ Одамӣ бе дарду ғам дар зиндагӣ кам будааст, Лек ҳар дарду ғамеро боз марҳам будааст. Беҳтарин дорую дармоне,ки ман дарёфтам, Бар ҳама ин дарду ғам,Аллоҳ ҳамдам будааст. ✍️Умари Хайём ♻️
    0 комментариев
    143 класса
    ________🥀📖🥀________ .....Хушо ба ҳоли касоне, ки Дунёро ҷойгоҳи абадии худ намедонанд... .......Ва барои ҷаҳони дигар талош ва кӯшиш мекунанд.
    0 комментариев
    89 классов
    РУБОИЁТ...📖 Бегона, агар вафо кунад, хеши ман аст, В-ар хеш хато кунад, бадандеши ман аст. Гар заҳр мувофиқат кунад, тарёк аст, В-ар нӯш мухолифат кунад, неши ман аст. ✍️Умари Хайём ♻️
    2 комментария
    85 классов
    Эй Худо, умрам ба пирӣ мерасад, хорам макун, Ризқу рӯзиям бидеҳ, пеши кассе зорам макун. Навҷавонӣ рафт, омад давраи қоматхамӣ, Пирӣ худ афгор бошад, ҳеҷ афгорам макун.  Дар ҷавонӣ давлати ман кам набуд аз дигарон, Бо асои пириям дар кӯчаҳо зорам макун. Хони ман пур буд, зи нону неъмати рӯи замин, Пеши дӯсту душманон акнун нодорам макун.
    0 комментариев
    144 класса
    ПАНДНОМА...📖 ________🍃📖🍃_______ ......Агар хоҳӣ, ки рози ту душман надонад, бо дӯст магӯй.
    3 комментария
    102 класса
    ҲАФТ ПАНД АЗ МАВЛОНО...📖 🌼 1. Шаб бош, дар пӯшидани хатои дигарон. 🍃 2. Замин бош, дар фурӯтанӣ, хоксорӣ. 🌼 3. Хуршед бош, дар меҳру дӯстӣ. 🍃 4. Кӯҳ бош, дар ҳангоми хашму ғазаб. 🌼 5. Дарё бош дар саховатмандӣ ва ёрӣ ба дигарон. 🍃 6. Баҳр бош, дар канор омадан бо дигарон. 🌼 7. Худат бош, ҳамон гуна, ки ҳастӣ.
    5 комментариев
    83 класса

ПАНДНОМА...📖

РАҲОЯШ СОЗЕД...

****
Душмане, ки нашавад, дӯст раҳояш созед,
Бухлу кин бештар аз ӯст, раҳояш созед.
Дӯст хонед, касеро, ки мурувват дорад,
Он, ки бадхӯст, на некӯст раҳояш созед.
  • Класс

ШОҲБАЙТ...📖

****
Ҷаҳон пур гаштааст аз панди инсон,
Ки бояд зистан ин сону он сон.
Ба як ҳарфат кунам онро хулоса,
Чунон зӣ, к-одамон хонандат Инсон!
✍️ Аскар Ҳаким
  • Класс

ПАНДНОМА...📖

.......Анӯшервони Одил ба хотири пиразане, ки нахост хонаи канори қасрбудаашро бифурӯшад, девори қасрро каҷ бино намуд.
...... Яке аз бузургон пурсид:
---- Ин каҷӣ аз баҳри чист?...
Анӯшервон гуфт:
---- Ин каҷӣ аз ростии мост.
  • Класс

ПАНДНОМА...📖

**********🥀📖🥀**********
Чун кор на бар муроди мо хоҳад рафт,
Андешаи ҷаҳди мо куҷо хоҳад рафт?
Пайваста нишастаем дар ҳасрати он-к
Дер омадаему зуд мебояд рафт...
  • Класс

РУБОИЁТ...📖

________🥀📖🥀________
Одамӣ бе дарду ғам дар зиндагӣ кам будааст,
Лек ҳар дарду ғамеро боз марҳам будааст.
Беҳтарин дорую дармоне,ки ман дарёфтам,
Бар ҳама ин дарду ғам,Аллоҳ ҳамдам будааст.
✍️Умари Хайём ♻️
  • Класс
  • Класс

РУБОИЁТ...📖

Бегона, агар вафо кунад, хеши ман аст,
В-ар хеш хато кунад, бадандеши ман аст.
Гар заҳр мувофиқат кунад, тарёк аст,
В-ар нӯш мухолифат кунад, неши ман аст.
✍️Умари Хайём ♻️
  • Класс

ПАНДНОМА...📖

________🍃📖🍃_______
......Агар хоҳӣ, ки рози ту душман надонад, бо дӯст магӯй.
  • Класс

ҲАФТ ПАНД АЗ МАВЛОНО...📖

🌼 1. Шаб бош, дар пӯшидани хатои дигарон.
🍃 2. Замин бош, дар фурӯтанӣ, хоксорӣ.
🌼 3. Хуршед бош, дар меҳру дӯстӣ.
🍃 4. Кӯҳ бош, дар ҳангоми хашму ғазаб.
🌼 5. Дарё бош дар саховатмандӣ ва ёрӣ ба дигарон.
🍃 6. Баҳр бош, дар канор омадан бо дигарон.
🌼 7. Худат бош, ҳамон гуна, ки ҳастӣ.
  • Класс
Показать ещё