КАЛИМАИ ТОҶИК ДАР АШЪОРИ БУЗУРГОН (Ҳатман хонед) Дар бораи калимаи «тоҷик» ба унвони номи ба истилоҳи устод Айнӣ «як қавми муаззам» таҳқиқоти зиёди донишмандони меҳанӣ ва хориҷӣ вуҷуд дорад ва нуктаи ношинохтае сари асолати ин истилоҳ боқӣ намондааст, баъзан саволҳое матраҳ мешавад, ки ин калима дар адабиёти форсии тоҷикӣ чи мақом ва ҷойгоҳе доштааст? Аз чи замоне сабту забт шудааст. Агар маъхазҳои хориҷӣ ва дохилии қабл аз густариши фарогири забони форсии дариро сарфи назар ҳам бикунем, ки ин калима ба шаклҳои гуногун дар онҳо дарҷ шуда, пас дар куҳантарин осори шоирони адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ корбурди ин калимаро ба фаровонӣ метавон мушоҳида намуд, ки он дар баробари номи маъруфтарин қавмиятҳои он замон – тозиву (араб), турку румӣ ва ғайра ба кор бурда шудааст ва аксаран маълум аст, ки гӯяндаи шеър худро ба он мансуб медонад. Масалан, дар ин байти Саъдии Шерозӣ дар баробари арабу турку рум аз тоҷик ба алоҳидагӣ ёдоварӣ мешавад. Ин намунаҳо ба таври барҷаста маълум месозанд, бар хилофи иддаои баъзеҳо тоҷик аз тозӣ ё тозик (яъне араб) ба куллӣ фарқ дорад ва ин ҳамон миллатест, ки шоирон худро мансуб ба он медонанд: Араб дидаву Турку Тоҷику Рум”, Зи ҳар навъ дар нафси покаш улум. Ё Муҳаммад Асири Лоҳиҷӣ мегӯяд: Фитнаҷӯе ҳамлабар чун ишқ нест Дар миёни турку тоҷику араб. Шуморе аз намунаҳои ин навъ ашъор пешкаши хонандагони азиз мегардад. Зи Чину Мочин якрӯя то лаби Ҷайҳун Зи Турку Тоҷик в-аз Туркмону Ғузу Хазар. (Унсурӣ) Турке ҳама туркӣ кунад, тоҷик тоҷикӣ кунад, Ман соате турке шавам, як лаҳза тоҷике шавам. (Мавлоно) Турк кӣ, тоҷик ки зангӣ кӣ, румӣ кӣ? Моликулмулке ки донад мӯбамӯ сирру ъалан. (Мавлоно) Як ҳамлаву як ҳамла омад шабу торикӣ, Туркӣ куну чустӣ кун, на нармию тоҷикӣ (Мавлоно) Агар турк асту тоҷик аст, бад-ӯ ин банда наздик аст, Чу ҷон бо тан, валекин тан набинад ҳеч мар-ҷонро. (Мавлоно) Худ чӣ ҷои турку тоҷик асту занг? Фаҳм кардаст он нидоро чӯбу санг! (Мавлоно) Чу яксон аст он ҷо турку тоҷик, Ҳам аз Эрон ҳам аз Тӯрон дареғо. (Аттори Нишопурӣ) Туро додор турк асту ту тоҷик, Бимонда бар сари ин роҳи борик. (Аттори Нишопурӣ) Шояд ки ба подшаҳ бигӯянд Турки ту бирехт хуни тоҷик. (Саъдӣ) Араб дидаву Турку Тоҷику Рум, Зи ҳар навъ дар нафси покаш улум. (Саъдӣ) Рӯи тоҷиконаат бинмой, то доғи ҳабаш Осмон бар чеҳраи туркони яғмоӣ кашад! (Саъдӣ) Бипурс ҳоли ман аз чашми худ, ки ин маънӣ Ҳикоятест, ки маълуми турку тоҷик аст. (Салмони Соваҷӣ) Тоҷики гарданкаши лашкаршикан, Бештарӣ найзавару теғзан. (Амир Хусрави Деҳлавӣ) Гуфт ӯ турк ҳасту ман тоҷик, Лек дорем хешии наздик. (Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ) Нигори турку тоҷикам кунад сад хона вайрона, Ба он мижгони тоҷиконаву чашмони туркона. Амир Алишер Навоии Фонӣ Турку тоҷикро ба якдигар Хасмиву гирудор мебинам. (Шоҳнеъматуллоҳи Валӣ) Аз дами сайиди исидами мо Турку тоҷик басе зинда шуданд. (Шоҳнеъматуллоҳи Валӣ) Теғ мебояд кашиду ҷом мебояд ситуд, Нест дар туркӣ намак, тоҷик мебояд будан. Толиби Омулӣ Он сарвболо кист он, к-аз васф лол астам забон, Дар ишқи ӯ девона шуд ҳам турку тоҷику араб. (Ғавси Гелонӣ) Кист, к-аз ғами ишқаш ҷон бадар тавонад бурд, Дайлам аст ё курд аст, турк ё ки тоҷик аст. (Ҳоҷиби Шерозӣ) Сози нофаҳмидагӣ кӯк аст, ку илму чи фазл? Ҳар куҷо дидем, баҳси турк бо тоҷик буд. (Бедил) Бедил, дами шамшери талаб борик аст, З-ин теғ на турк эмину не тоҷик аст. Бар ҷабҳайи эҳтиёҷ дорад арақат Обе ки зи сар гузаштанаш наздик аст. (Бедил) Фитнаҷӯи ҳамлабар чун ишқ нест Дар миёни турку тоҷику араб. (Муҳаммад Асири Лоҳиҷӣ) Ту фитна кардиву тоҷику турк муттаҳаманд, Ки раҳ ба фитна гушоданд мулки султонро. (Қоонии Шерозӣ) Ғариқи раҳмати ӯ дуру наздик, Ғуломи ҳиммати ӯ турку тоҷик. (Қоонии Шерозӣ) Шуд ғайрати кору бори ишқат Зуннор миёни турку тоҷик. (Назирии Нишопурӣ) Резахори наволаи карамаш Турку тоҷику бандаву озод. (Ҳотифи Исфаҳонӣ) Чашмони ту бо дилам насозанд, Ҷанг аст миёни турку тоҷик. (Файёз) Ёфта аз маснадаш низом мамолик, Малҷо турк асту садру соҳиб тоҷик. (Ҷайҳуни Яздӣ) Он шӯх к-аз ӯст дар табу тоб Доим дилу ҷони турку тоҷик. (Муштоқи Исфаҳонӣ) Зиҳӣ хулқу карам к-аз дуру наздик Ҳамегӯяд дуояш турку тоҷик. Дил ойинадори турку тоҷик бувад, Зишт аст, гарат ойина торик бувад. Фарзанд биҷӯю б-ӯй худ соз бузург, Магзор ба суҳбаташ чи тоҷик, чи турк. (Аҳлии Шерозӣ) Шаш ҷиҳат рушан зи тоби рӯйи ӯ, Турку тоҷику араб ҳиндуи ӯ. (Иқбол) То ки бад-ин турфа хиёли сутурк Тоза кунад ёрии тоҷику турк. (Маликушшуаро Баҳор) В-аз Тахористон маро гар дур созад хасми дун, Ҳаст назди узбаку тоҷик ҷоҳу фар маро (Маликушшуаро Баҳор)
    4 комментария
    38 классов
    3 комментария
    1 класс
    1 комментарий
    3 класса
    Друзья, Комсомольская правда в Ярославле проводит конкурс «Мисс Комсомольская правда» и в этом конкурсе участвует наша красавица Таджичка Мехрона. Друзья, Мехроне очень нужна ваша поддержка в виде вашего голоса на этом сайте. Чтобы голосовать за Мехрону пройдите по этой ссылки и нажмите на "Голосовать" А так же нажми на класс чтобы и другие увидели:) http://www.kp.ru/daily/forumcontest/photo/151948/?vie..
    2 комментария
    10 классов
    0 комментариев
    1 класс
    Единственный таджик, который получил трижды Герой Великой Отечественной Войны... Ставь класс пусть другие увидят
    256 комментариев
    60K класс
    ВАТАН, эй модари аз тоқати таҳқир хаста, ВАТАН, эё шаҳчинори аз шамоли ҷаҳл бишкаста. Зи баъди сад ҳазорон сол, зи қаъри сад қабат хоки сияҳ, Аламҳои ту бар ёдам расад, фарёд хоҳам кард! ВАТАН, бо номи ту, бо нанги ту, бо ишқи маҷруҳи набарди ту, Ба ҷои ошиқони ғуррамаргу шермарди ту, Бинои шуҳрату шони туро бунёд хоҳам кард! ВАТАН аз сангҳои бар сарат бишкастаи фарзандҳои носазоворат, Туро бунёд хоҳам кард, туро обод хоҳам кард!
    1 комментарий
    11 классов
    1 комментарий
    0 классов
    Дворец Арбоб Дворец «Арбоб» за рубежом больше известный, как Дворец«Урунходжаева», хотя и постарел, но поражает своим размахом. Десятки колонн, люстр, около ста комнат и около двухсот окон, изысканная внутренняя отделка потолков… И все это построено методом хашара, людьми, которые за свой труд получали несколько килограммов пшеницы, хотя на его возведение колхоз имени Ворошилова, которым руководил Саидходжа Урунходжаев, потратил более $1 млн
    1 комментарий
    21 класс
    -— Да поможет Всевышний тем, кому сейчас нелегко, — чье сердце переполнено печалью, чьи глаза наполнены слезами и тем, -— чьи силы уже на исходе Делайте дуа за наших братьев и сестер в Сирии, Палестине ,Афганистане
    2 комментария
    28 классов
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
Показать ещё