↓
Марҳамат хонед иншааллоҳ шаби Қадро меёбед🌴
НИШОНАҲО ва Фазилати ШАБИ ҚАДР:
Ассалому Алейкум ва Раҳматуллоҳи ва Баракотуҳ бародарони азиз ва хоҳарони меҳрубон: ҳамаи шуморо бо ин шабҳои "Қадр" табрик гуфта ба шумо дар ин шабзиндадориҳо Иҷобати Дуъоҳо Қабули ибодатҳо мағфирати Гуноҳҳон Наҷҷот ёфтан аз азоби дузах ва анҷом додани амалҳои нек ба монанди хондани Қуръони Карим📝 Намоз хондан Зикри Аллоҳ Раббул Оламин кардан Салавот хондан ба руҳи Расули Акрам (салому дуруди Аллоҳ бар у ва олу асҳобаш бод) таманно дорам:
Омин
Шаби Қадр шабе аст, ки дар тамоми сол шабе ба бузургӣ ва фазилати он намерасад, Хусусиятҳои ин шабро, ки сабаби бузургӣ ва мубораки он шудааст, метавонем чунин ном барем:
🍂Аллоҳ Субҳона ва Таъоло мефармояд:
1. Қуръон дар ин шаб бар Паёмбар (саллалоҳу алайҳи васалам) нозил шудааст. «Инно анзалноҳу фи лайлатил Қадр». Гуфта шудааст, ки тамоми китобҳои осмонӣ дар ҳамин шаб бар паёмбарон нозил шудаанд.
2. Ҳар амали хуб ва тоъату ибодате, ки дар ин шаб анҷом шавад бо амал ва ибодати ҳазор моҳ баробар аст. «Лайлатул Қадри хайрун мин алфи шаҳр».
3. Малоикаҳо ва Руҳ (Ҷибрил алайҳисалом), ки аз малоики мукарраби Илоҳӣ аст фуруд меоянд ва бо худ хайру салому раҳмати Илоҳиро ҳамроҳ доранд ва то субҳ ба назораи шабзиндадорон менишинанд. «Таназзалул малоикату ва-р-руҳу фиҳо би изни раббиҳим мин кулли амр».
4. Ин шаб аз аввал то охир салом аст, саломе аз Худо ва фариштагон. «Саломун ҳия ҳатто матлаъил фаҷр». Ҳамаи рўзадорони моҳи Рамазон худро барои шабзиндадории ин шаб омода сохта, дар интизори он лаҳзашуморӣ мекунанд.
Расули Аллоҳ cаллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
«Дар ин моҳ шаби Қадр аст, ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Касе, ки аз хайру (баракоти) он шаб маҳрум гардад, маҳруми ҳаќиќи ҳамон кас аст».
Шаби Қадр дар шабҳои тоќи даҳ рузи охири Моҳи Рамазон мебошад 19-21-23-25-27-29. Вале баъзе донишмандон дар шаби бистуҳафтуми Рамазон будани шаби Қадр ба яқин наздиктар гуфтаанд.
Аз он ҷумла чанде аз онҳоро ёдовар мешавем 🍃
Ибни Аббос разияллоҳу анҳу, Убай ибни Ќаъб разияллоху анху, Ибни Масъуд разияллоҳу анху ва дигарон дар шаби бистуҳафтум будани онро ба яқин наздиктар донистаанд.
Убай ибни Каъб мегуяд:
Шаби Қадр дар даҳаи ахир, дар бистуҳафтуми моҳи Рамазон мебошад.
Зарр ибни Ҳубайш мегуяд:
Он гоҳ беистисно савганд хурд, ки шаби Қадр шаби бистухафтуми моҳи Рамазон мебошад.
Пурсидам: Бо чи далел инро мегуи?
Гуфт: Бо нишонае, ки Расули Худо (Саллаллоҳу алайхи ва саллам) моро хабар дода буд:
"Субҳи он шаб офтоб бе шуъо мебарояд". (Саҳеҳи Муслим).
НИШОНАҲОИ ШАБИ ҚАДР
1. Он шаб аз дигар шабхо нурони мешавад.
2. Қалби муъминонро ҳамон шаб ороми фаро мегирад. Дар он шаб калби муъмин ором ва кушод мешавад.
3. Дар он шаб ҳаво ором мешавад. Дар он шаб шамол ором мешавду, шамоли сахт намевазад.
4. Гоҳо шахсони солех шаби қадр кадом шаб буданашро дар хоб мебинанд. Чуноне, ки баъзе саҳобагон дар хоб диданд.
5. Инсон дар он шаб аз намоз халовату лаззат мебарад, ки дар дигар шабҳо он гуна лаззату халоватро ёфта наметонад.
6. Субҳи он шаб офтоб бе шуъо мебарояд.
Убай ибни Каъб разияллоҳу анҳу гуфт: Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам нишонаи шаби қадрро ба мо хабар дода, фармуданд:
"Субҳи он шаб офтоб бе шуъо мебарояд". (Сахехи Муслим).
Ин буд, бародарон ва хоҳарони Исломиам баъзе нишонаҳо шаби қадр.
Бародари азиз ва Хоҳари меҳрубонам! Қадри ин шабҳои Тоқро 21-23-25-27-29-ро бидон ва ин шабҳоро бо тоъоту ибодат бо хондани Қуръону зикри Аллоҳ бо дуруду Салавот хондан ба руҳи Расули Акрам (саллалоҳу алайҳи васалам) бигзарон то ин, ки савоби 1000-моҳа ибодатро каст бикуни.
Аз Худованди азза ва ҷалла Дуъо кунем, ки ҷамии дуъоҳоямонро иҷобат тоъоту ибодатҳоямонро Рӯзаи моҳи Мубораки Рамазонро аз мо ба даргоҳаш қабул гардонад ва моро боз ба моҳои Мубораки Рамазон ва шабҳои қадри оянда бирасонад тушаи охират барои худ касб кунем.
"Ва-охиру даъвоно анил-ҳамдулилЛоҳи раббил оламин
Бир-раҳматика ё ар-ҳамароҳимин.
Ҳамеша Дуогуи Шумо Азизони Дил Дуст ва Бародари шумо ...🌹
Бо умеди Дуъоҳои шумо азизони дил.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев