савол кард:
Чӣ мефармоӣ дар ин ҳадис, ки
Расулуллоҳ (Саллаллоҳу
ъалайҳи ва саллам) фармуданд:
"Ба дурустӣ, ки Худованди
Таъоло қабул мекунад тавбаи
бандаи гунаҳгорро модом ки
ҷони вай ба ғарғара нарасида
бошад?"
Он бузург гуфт:
Оре, чунин аст, аммо ту чӣ
пеша дорӣ?
Гуфт:
Ман марди хайётам, ҷомаҳо
медузам.
Гуфт:
Дар касби ту кадом кор аз ҳама
осонтар аст?
Гуфт:
Бо қайчӣ буридани матоъ.
Гуфт:
Чанд сол аст, то ту ин кор
мекунӣ?
Гуфт:
Сӣ сол.
Гуфт:
Дар он вақт, ки ҷон ба ғарғара
расид, тавонӣ, ки ҷомаро
бибурӣ?
Гуфт:
Не.
Гуфт:
Коре, ки муддате дар вай
заҳмат кашидаӣ, то омухтаӣ ва
муддати сӣ сол ба осонӣ
мекардӣ, дар он вақт натавонӣ,
ки бикунӣ, тавба, ки дар ҳамаи
умр накарда бошӣ, дар он вақт
кай тавонӣ?
Тавба имруз кун, ки метавонӣ,
ки шояд он дам натавонӣ
тавба кард.
Он мард тавба кард ва аз
ҷумлаи солеҳон гашт.
http://m.ok.ru/dk?st.cmd=altGroupJoin&st.groupId=52353343881357&st.frwd=on&st.page=1&_prevCmd=altGroupMain&tkn=7811
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев