Предыдущая публикация
Эй нури мутлақ бар дилам аз кибриё хуш омадӣ.
Бар гӯши чонам нағмаҳо аз сози аршат мерасад,
Эй ромиши гардуншукӯҳ аз баҳри мо хуш омадӣ.
Равшангари афкори ман, донандаи асрори ман,
Мушкилкушои кори ман, ақли расо хуш омадӣ.
Ман масти ишқам аз азал, боке надорам аз аҷал,
Дарди фано аз ман бирав, сури бақо хуш омадӣ.
Дарди маро андар адам чун ӯ табобатгар набуд,
Имрӯз эй ҳастии ман, баҳри сафо хуш омадӣ.
Садҳо ҷаҳонро як даме бар дил намоиш медиҳӣ,
Пиндори ҳақ рафтори ман, гетинамо хуш омадӣ.
Сармад ҷаҳон дилхона буд, бе дил ҷахон вайрона буд,
Як лаҳза дар ин дилсаро, баҳри дуо хуш омадӣ.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4
ГУРАШ БА КАНОРИ ДИЛИ ГУРОН ГИРЬЯ ДОРАД.....
ОДАМИ ДАР ДОМАНИ ИН ХОК САРСОН БУДААСТ,
БАР МУАМОИ СИРШТИ ХЕШ ХАЙРОН БУДААСТ.
РЕШАИ ЗИШТИ БИБОЯД КАНД АЗ ДУНЬЁИ ДИЛ,
ИН ДАРАХТИ ЗАХР БОРИ ДАСТИ ШАЙТОН БУДААСТ.
ГОХ ХУДРО МЕФИРЕБЕМУ ГАХЕ БЕГОНАРО,
ИН ХАМА НОХУШИХО АЗ ДАСТИ ИНСОН БУДААСТ.
КУР БОДО ДИДАИ ХАКНОШИНОСОНИ ЧАХОН,
ИН ХАМА ЗИШТКОРИХО АЗ ДАСТИ ОНОН БУДААСТ.
ГЕТИ АНДАР ЧАШМИ КУТОХБИН ЯГРАНГ АСТУ БАС,
ДАР НИГОХИ ОКИЛОН ХАР ЗАРРА КАЙХОН БУДААСТ.
САНГ ХАМ ДИЛ ДОРАД ОХИР БЕДИЛОНИ РУЗГОР,
РУДХО АЗ ОБИ ЧАШМИ КУХСОРОН БУДААСТ.
САРМАДО ХАР КИ ХУДРО МЕШИНОСАД ДАР ЧАХОН,
ХАКШИНОСУ ДИЛШИНОСУ ГАРКИ ИСЁНЬ БУДААСТ...!!!