Предыдущая публикация
Аз нигоҳи ишқ аз сар то ба по дил будаам.
Он замоне, ки равонамро ба тан афрухтанд,
Ман чароғи равшани ин кӯҳнаманзил будаам.
Базми гардуну замин бе нолаам шӯре надошт,
Ман навопардози пурасрори маҳфил будаам.
Олами буду набудро мекунам аз ҳам ҷудо,
Оташин дарё канори ҳар ду сохил будаам.
Рафтуо дорад нафас дар бурдани ганҷи ҳаёт,
Ман зи барбодии умри хеш ғофил будаам.
Нотамоми кас шиносад, Сармад, андар зиндагӣ,
То ба д-ин сурат шудан бар хок комил будаам.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1