Агар хохи ба каъба по намои
Бурун аз дил бикун кибру сиёхи
Авал хамсояи бе хонаву дар
Нигар баъдан хулоса кун бар сар
Кучо хохи бикуни харч бар бод
В-аз он бех як дилеро ту намо шод
Ба рохи дур рафтан бе ягом суд
Якин аст дар кафи даст рохи максуд Ятимеро бишав дастгиру ёвар
Савоби у расад то рузи махшар
Бихандад хандааш рушноии рох
Аз ин корат махур афсус хеч гох
Пасон рав хонаи мискину нодор
Мазан дар бе садо харгиз зинхор
Магу нохуш харфе руи онон
Бидех дасти кумак бар нотавонон
Гузар кун чашм зан бар холи эшон
Бубин авхоли зори зиндагишон
Ба захми дигарон дардат наояд
Туро номат ба инсони нашояд
Зирехи дар кушояд кори хубат
Мадех озор намеафти ба кулфат
Пиронсоле зи пой уфтода диди
Бигир дасти уро бо мехрубони
Барои он ки дар даврони пири
Яки дигар кунадат дастгири
Намезебад мусалмон бар мусалмон
Бичангад нест ин кор хоси моён
Ба ту харгиз накардам ман ситеза
Чаро имруз хасти дар гуреза
Агар муъмин бародар бар мумин аст
Русуми зиндагони инчунин аст
Магир кина мазан таъна бародар
Ки кадри одами бувад баробар
Ба чон дода ташаккур боядат кард
Туро дар руи дунё одамат кард
Накардат махлуки батзоти олам
Зи деву аз пари боло одам
Намуд руи чахон тавлиди дигар
Забон дода чахон карда мунаввар
Барои он ки бошем дар итоат
Ба акли одами кунем ибодат
Бачо овардани фарзи худоро
Мухаммад будани он мустафоро
Ба гуши ахли ислом кард огох
Зи макру хиллаи шайтони гумрох
Туро карзи дилу вичдону хам тан
Бибояд биспари то ёби маскан
Бикун андешаи рузи киёмат
Мазан таъна мазан харгиз маломат
Аё эй ибни Хоким бо хабар кун
Зи печу нагмахои чархи гардун
Ба бози медароем хар яки мо
Накарда фикру зикри он худоро
Мабош сокиту бепарво ту харгиз
На авлоду на ном на сарвату чиз
Намеояд ба кор эй хок пайдо
Намо як тушае то рузи фардо
Ба ту гардад мададгор дар киёмат
Намозу рузаву хайру саховат
Зи пойуфтодагон тимордоранд
Вале шахсони солим дар чи коранд
Накарди тоату зикри худоро
Хатто боре ту ёди мустафоро
Чаро худро мусалмон метароши
Бикун андеша гар инсон боши
Маранч аз гуфтаи ман чони ширин
Хамин аст рохи Ислом конуни дин
Агар гайбат куни гайрат шавад кам
Хама рузат бароят рузи мотам
Шавад он ки кунад гайбат расво
Чавобгу мешавад он рузи фардо
Зи чон дорам азизат бандаи пок
Билохир меравем бар синаи хок
Забонат гар гуяд Алхамдулилох
Бубахшояд Худованди Таоллох
Насихат мекунам аммо ба мислат
Маро бувад камукостиву иллат
Валекин гар пушаймон гашта боши
Бубахшояд худо бо кирдгори
Гунах кардем гунахкорем худоё
Ба тавба омадем моро бубахшо
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев