Предыдущая публикация
Бори чандум мешавад, ногуфта он меҳмони мост.
Боз дӣ нохондамеҳмон ҷониби мо омадаст,
Инчунин шакокӣ, оё дар русуми мо равост?
Роҳи худро менадонад, доимо дар печутоб,
Ин чӣ сон номаъқулӣ, н-ояд даме бо роҳи рост.
Эй фалак, аз офати пайдарпайат озурдаем,
То ба кай аз дасти ту моро шабу рӯзи сиёст?
Шукри ёронам, ки ҳамдарданду дар паҳлӯяманд,
Ҳамдилии ҳамдилон бар захми қалби мо давост.
Сели кӯҳ рӯ бар макону манзили Мақсудалист,
Раҳ ба раҳ сӯроғаи ӯро бипурсад, ки куҷост.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 8
БА ШУМО ҚУВВАТ ТИЯД..