Предыдущая публикация
-----------------------------
Роҳи байни кӯчаҳои Понғазам, чун кафи дастони ман гардидааст,
Гӯяд аҳсан, баҳри фарзандони деҳ, ҳар кӣ роҳи деҳаамро дидааст,
Бар саховатпешагони деҳи худ, сад ҳазорон офарин гӯям мудом,
Қоилам бар ҳиммати хурду калон, дасти ҳар якро фишурам бо салом.
Роҳҳои деҳаам мумфаршу нарм, ҳамчу роҳи Аврупову Маскав аст,
Зинда бошед доимо ҳамдеҳагон, баҳри ободӣ чу ҳастед даст ба даст.
Сад ҳазорон офарин аҳли диёр,
эй ҷавонмардони бонангу баор,
Розӣ ҳастанд аз шумо пиру ҷавон, розӣ бошад аз шумо Парвардигор.
Месазад бар пеши пои ҳар яке, сар ба таъзим оварад, Мақсудалӣ,
Дидаву бишнидаҳо ин коратон, бар шумо аз сидқи дил гӯяд, бале.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 11