-----------------------------
Фурӯғи мактаби Маъдан шуд устод,
Шукӯҳи мактаби Маъдан буд устод.
Ҷавонраҳбар буду устоди ҳарбӣ,
Нумӯъи мактаби Маъдан худ устод.
Табассум дар лабаш умре ҳувайдо,
Шакаргуфтору бо фарҳанги воло.
Забондоне, суханфаҳме, сухансанҷ,
Зи гуфтораш ҳаме доногӣ пайдо.
Ба ҳусни хат набуд ҳамтои устод,
Ба дарси ҳарбӣ холӣ ҷои устод.
Ба рӯзи якуму ҳам нуҳӯми май,
Қадам мезад ҳама ҳампои устод.
Забони русиро ӯ дода таълим,
Забони тоҷикиро ӯ муаллим.
Ба ӯзбекӣ набуд андар радифаш,
Забондонон ба ӯ бинмуда таъзим.
Бузургон гуфта бас устоди моянд,
Ҳама ёдаш ба некӣ менамоянд.
Ба дарси мардиву мардонагӣ, ӯ,
Бигуфтандам, ки моро раҳнамоянд.
Қасамро баҳри ҳарбӣ кардам азёд,
Супоришро ба мактабхонӣ чун дод.
Ба донишгоҳ баҳо бигрифтам аввал,
Ҳазор аҳсан бигуфтам баҳри устод.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 12
Худо рах,мат кунад ,ч,ояшон ч,аннату рух,ашон шод бошад омин