Предыдущая публикация
-----------------------
Ба панҷоҳу чор рафта як навҷавон,
Хушодобу ботамкину меҳрубон.
Наозурда касро, вай андар ҳаёт,
Ба мактаб буд устоди хориҷзабон.
Бурун аз Ватан, дар ғарибӣ дареғ,
Бипӯшидааст ҳарду чашм аз ҷаҳон.
На бо модару на ба панҷи гулаш,
Накарда видо, кардааст бо фиғон.
Ба сар оварандаш, зи дурии дур,
Зи деҳ рафта, гарчӣ ба пои равон.
Фалак, аз ту ин сина сарду ба дард,
Накардастӣ раҳме, чу бар ину он.
Намегӯӣ, ки модараш, интизор,
Барӣ, ҳар яки мо, зи мо ногаҳон.
Ба сол, ар чӣ кӯчак, зи Мақсудалӣ,
Ба доногӣ, Абдулсалом, з-ин калон.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 48
Одами нахз буданд!
Камтар пештар дидаги будам!
Мана шахранда наменамои кор карсобудакидия гуфтанд!
Аллох ба хама ахли оилаашон сабр дихад