Предыдущая публикация
Бинед, ки чӣ хурсанд омадам ман.
Бар дидани кӯҳнашаҳри бобом,
Бо дасти пур аз қанд омадам ман.
Мамнун шудам аз дидани шаҳрам,
Шодон ба шакарханд омадам ман.
Ваҳ-ваҳ, чӣ хушо, диёри дерам,
Гӯё, ки ба Хуҷанд омадам ман.
Бар зодагаҳи бузургворон,
Бигрифта басо панд омадам ман.
Бишнидам аз он забони ширин,
Бар меҳани дилбанд омадам ман.
Бар даргаҳи Садридини Айнӣ,
Бо шодии даҳчанд омадам ман.
Мегӯӣ, чу Маъданам, ба Понғоз,
Чун шоири Хуқанд омадам ман.
Бар манзили ҳамдилони хубам,
Ангор, чу шаҳрванд омадам ман.
Чун Мақсудалӣ, ба ин гулистон,
Хандида сипосманд омадам ман.
Дар ҳавои ш. Самарқанд. 19.04.24
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 5
Хуршед сифат басо ҷаҳонгир шавед . . .