.
    7 комментариев
    6 классов
    У КАКОЙ ДЕВУШКИ КРАСИВАЯ ФИГУРА?
    0 комментариев
    2 класса
    Шавҳарам зани баҷоӣ дорад, вале... Салом! Ман як зани дар нимароҳи зиндагӣ зору ҳайрон монда мехоҳам сарнавиштамро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам. Ману шавҳарам ҳамдигарро дӯст дошта,бо ишқу муҳаббат оиладор шуда будем, вале тақдир барои марди дӯстдоштаам писар таваллуд карданро ба ман насиб надид. Ҳар дафъаи ҳомиладориам Худоро зорӣ мекардам, ки ба ман як шоҳписар диҳад, аммо боз духтар тавалуд мекардам. Шавҳарам аввалҳо “духтару писар ҳамааш доди Худованд аст” гӯён, маро дилбардорӣ мекард, вале баъди тавлиди духтари сеюмам гоҳ-гоҳ таъна мезадагӣ шуд, ки ту фақат духтар ба дунё меорӣ. Мегуфтам, ки “ҳой мардак, ношукрӣ накунед, охир баъзе одамон ба нохуни пойи фарзанд зоранд, вале Худованд ба онҳо на писар медиҳаду на духтар”, аммо шавҳари духтарбезорам ҳар бори таваллуд карданам қаҳр карда, чанд рӯз ба таваллудхона намеомад ва баъди ба хона баргаштан низ «занак, ту аз духтарзоӣ кай сер мешавӣ?! Ақалан як бача кун!» гуфта, ба дилам неш мезад. Худ ба худ мегуфтам, ки агар Худованд писар ё духтар зоиданро ба ихтиёри худи зан мемонд, якто не, даҳ бача мекардам, вале фарзанд доди Худост, хоҳад медиҳад, нахоҳад не, охир ман чи кор кунам... Хулласи калом, солҳо турнасон гузаштанд ва ман бо умеди ақаллан як писар таваллуд кардан пай дар пай шаш духтари зебои заркокулро ба дунё овардам. Рафта-рафта шавҳарам, ки дар шаҳр кор мекард, баъзан шабҳо ба хона намеомадагӣ шуда монд, вале ҳатто ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки падари фарзандонам бо касе ишқварзӣ мекунад ё шояд зани дигар гирифта бошад. Рӯзе ҷиянам Мафтуна, ки дар корхонаи шавҳарам котиба шуда кор мекард, беҷуръатона гуфт: «Аммаҷон, ҳар рӯз як зани зебо ба назди язнаам меояд. Шумо намедонед, ки он занак кист?» Асабонӣ шуда бошам ҳам, сир бой надода гуфтам: «Ягон шиносашон будагист-дия, аҳамият надеҳ!»  Ду рӯз пас шавҳарам ба хона омад ва ҳисси кунҷкобиям боло гирифта пурсидам: «Мардакҷон, росташро гӯед, шумо ягон бор ба ман хиёнат кардаед ё не?» Рангаш канда бошад ҳам, ҳозирҷавобӣ намуда, гуфт: «Магар зани худам ягон айб дорад, ки аз паси дигар беваҳо давида гардам?!» Дилам аз ин ҷавоби шавҳарам каме ором гирифт, вале ҳамон шаб ба телефони дастии падари бачаҳоям аз рақами ношиносе занг омад. Бедораш кардам. Шавҳарам телефонро гирифта, ба берун баромад. Дилам аз пешомади ногуворе дарак дод ва ноаён аз паси дар гапашро гӯш кардам. «Барои чӣ дар як поси шаб ба ман занг задӣ?! Қариб монда буд, ки занам фаҳмад! Ту характери зани маро намедонӣ, вай чунон зани шаттоҳу бадтол аст, ки дар сарат чормағз мешиканад. Худо накарда асли гапро фаҳмад, балои азимеро ба сари ҳардуямон мебиёрад. Аз ҷак-ҷаки ин занаки серҷоғ кайҳо безор шудаам, вале ҷойи гурез намеёбам. Дасту дилам аз зиндагӣ бо вай хунук шудааст, лекин дигар илоҷ надорам. Духтарҳоям калон шудаанд, агар онҳоро партофта равам, мардум ба ҳолам механданд» мегуфт шавҳарам. Фаҳмидам, ки падари фарзандонам дар шаҳр зани баҷоӣ доштааст. Ҳамон шаб то саҳар гиря кардам, аммо ба касе сир бой надодам. Намедонам чӣ кор кунам? Рашк чунон дилу ҷигарамро месӯзад, ки мехоҳам рафта зани дуюми шавҳарамро пора-пора кунам, вале хотири шаш духтарам боз астағфуриллоҳ мегӯям. Метарсам, ки агар барои дар болои ман зан гирифтанаш бо шавҳарам ҷангу ҷанҷол кунам, ҷавоби маро медиҳад ва духтарҳоям бе падар мешаванд. Хонандагони рӯзгордида, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Суроғаашро ёфта, ба сари зани дуюми шавҳарам равам ё ба хотири бе падар нашудани духтарҳоям худамро ба кӯрию карӣ зада гардам? Манзура аз н. Рӯдакӣ 
    1 комментарий
    3 класса
    Хикоя. Як чавоне буд миёнакади фарбехак У вакте синфи 7 мешавад ба як духтар и гандумранги зебо ошик мешавад У ин сирро чанд вакт дар дил нигох медорад Танхо ин сирро дусти чониаш медонисту халос У борхо кушиши гуфтан кард аммо гуфта натавонист Борхо ба саёхатхо мераванд танхои сайругашт мекунанд ки дар яке аз хамин сайругаштхо у дилашро ба духтар мекушояд ва дустдории худро ба духтар арз мекунад Духтар бо ранги сурху сафедшудаи худ ба хонаашон бар мегардад Чанд руз духтар бо писар гап намезанад .Баъди чанд руз Боз писар сади рохи духтар мешавад ва Боз аз дустдориаш сухан мекунад Духтар руй ба чапу рост мегардонад ва у хам ба дустдории худ икрор мешавад. Чанд мох онхо бо хам буданд Дарди дил мекарданд Рози ишк мегуфтанд Вале рузи бадбахти фаро расид Рузе аз рузхо чашми духтар бесаранчом мешавад, писар аз ин ОГОХ мешавад ва хайрон мешавад Баъди адои дарс писар аз паи духтар таъкиб мекунад Вакте духтар ба назди дари хонаашон меояд 3-4 нафар писарон УРО интизор буданд Инро писар. бо чашмони худ мебинад дар ин холат кариб буд дили писар аз кор монд Писар бо дили сард пур аз бард ба хонаашон меояд. Фардо ба мактаб аз хама барвакт меояд ва ин ходисаро ба хамаи хамсинфонаш мерасонад ва бо шохидии онхо ба духтар и хиёнаткор бо он писари динар хушбахт шуданашро мехохад ва аз синф баромада меравад. Писар намехост динар руи он духтарро бубинад аз хамин сабаб хам ба динар мактаб меояд ва тахсилро идома медихад Он сил соли сахттарин Барри он писар буд чунки аз паи он хиёнаткор аз рафиконе ки 7 сол хамчун хохару додар буд аз онхо чудо мешавад Вакте писар аввалин маротиба ба дари синф кадам мегузорад як духтари нарму ширинзабонро дар ру ба руи худ мебинад Чанд вакт хамрохи у хушмуомилона сухбат мекунад ва уро дуст медорад Онрузхо аз бехтарин рузхои писар буд чунки бо дустдоштааш бе ягон монеа гуфтугу мекард 1-СОЛ бо чунин рузхо паси сар мешавад СОЛИ 2 огоз мешавад рузхои авали сол чавон сири худро дошта натавониста сири дилро ба духтар ифшо мекунад ва дустдориашро иброз менамояд .... АЗ АНА ХАМОН РУЗ ОГОЗ НАМУДА ОН ПИСАР ХУДРО ХУШБАХТТАРИН ШАХС ДАР ОЛАМ МЕШУМОРИД РУЗХОИ ХУБЕ БУД ХАРДУИ ОНХО МУСТАКИЛОНА СУХБАТ МЕКАРДАНД РОЗИ ДИЛ МЕГУФТАНД ПИСАР ДАР ВАСФИ ДУХТАР ШЕЪРХО ЭЧОД МЕНАМУД ВА БАХРАШ КИРОАТ МЕНАМУД ИН ХУШБАХТТАРИН РУЗХО БРОИ ОНХО БУД АММО МЕГУЯНДКУ " ХАР ХУШБАХТИРО БАДБАХТИЕ ИНТИЗОР" РУЗХОИ БАДБАХТИИ ПИСАР ОГОЗ ШУД РУЗХО МЕГУЗАШТАНД ДУХТАР БА ПИСАР БЕАХМИЯТ МЕШУД ПИСАР ГАП МЕЗАД АММО ДУХТАР ЧАВОБ НАМЕДОД ВА БО ДИГАР ПИСАР ГУФТУГУ МЕКАРД ВА ПИСАР АЗ ИН БЕНИХОЯТ ГАМГИН БУД ВА ШАБХО АЗ ПАИ ИН ГИРЯ МЕКАРД ЧУНКИ ДУХТАР АЗ У ДАСТКАШИДА БА ДУСТАШ ДИЛ БАСТА БУД . ПИСАР БИСЕР КУШИШ МЕКАРД ТО ДИЛИ ДУХТАРРО ДУБОРА БА ДАСТ ОРАД ... АММО БЕНАТИЧА ПИСАР МАРОТИБХОИ ЗИЕД БА ДУХТАР ГАП ЗАД АММО ДУХТАР ХАМЕША ХУДПИСАНДИ МЕКАРД БОРЕ БО ХАМСИНФОН БА САЙРУГАШТИ КУХ РАФТАНД ПИСАР ОН СУБХ БО ДИЛИ ШОД АЗ ХОНА БАРОМАДА БУД ЗЕРО БОВАРИ ДОШТ ХАМОНРУЗ ДУБОРА ИШКАШОН ОГОЗ МЕШАВАД АММО ДУХТАР АЗ ПИСАР ДУРИ МЕЧУСТ АЗ АНА ХАМОН РУЗ ЭЪТИБОРАН ЧАВОН БА БАРГАШТИ ИШКИ РАФТААШ БОВАР НАМЕКАРД АНА АЗ ХАМИН САБАБХАМ ЧАВОН АЗ САЙРИ ВИЛОЯТ ШАХРИ ХУЧАНД ХУДДОРИ КАРД СОЛ БА ОХИР РАСИД РУЗИ ИМТИХОНИ ОХИРОН ФАННИ ТАЪРИХ БУД ПИСАР БО ХАМАИ ДУХТАРОНИ СИНФ БА ЧУЗ ДУ НАФАР ЯКЕ ДУСТДОШТААШ ДИГАРЕ ХОЛАИДУХТАРИ ДУСТДОШТААШ ХОДОХОФИЗИ НАМУД ВА ТАЛАБИ БАХШИШ БА ОН ГУНОХХОЕ КИ ДАР ТУЛИ ИН ДУСОЛИ ХАМСИНФИГАРИ КАРДАБУДБАХШИШ ПУРСИД ОН РУЗ РУЗИ ФАРОМУШНАШАВАНДА ВА ХАССОСТАРИН ЛАХЗАХОИ ЗИНДАГИАШ БА ШУМОР МЕРАФТ ЗЕРО ОН РУЗ РУЗИ ОХИРИНИ БО ХАМСИНФОН ДАРСХОНИАШ БУД ВА ХАНГОМЕ КИ АЗ ДАРИ МАКТАБ АВВАЛИН КАДАМАШРО БА БЕРУН ГУЗОШТ АЗ ДУ ЧАШМОНАШ КАТРАХОИ АШК ЧОРИ ШУДАНД ВА ЧАВОН ДАР ЗЕРИ ЛАБОНАШ ГУФТ : - ХАЙР МАКТАБАМ - КИССАИ АВВАЛУ ОХИРИ ЗИНДАГИАМ - ХАЙР ИШКИ АВВАЛИНУ ОХАРИНАМ -ХАЙР ШИРИНИХОИ ЗИНДАГИАМ МАН ХЕЧ ГОХ РУЗХОИ ОХАРИНИ МАКТАБИАМРО ФАРОМУШ НАМЕКУНАМ ОН ЛАХЗАХОИ ХАССОС ДАР МАЙНАИ САРАМ ЧУН САНГ НАКШ БАСТААНД НАЧМИДИН БУРХОНОВ ИСФАРА 2020
    5 комментариев
    12 классов
    АЗ МАРГ МЕТАРСАМ!😱😱😱😱😭😭😭 Як марде назди домуллое омаду илтимос намуд то уро танҳо қабул намуда ба саволаш ҷавоб диҳад. Пас аз он ки ҳозирин берун шуданд у гуфт: - Домулло! Шумо намояндаи динед. Чунон ҷавобе диҳед, ки бароям кора кунад! Домулло дарк кард ки ин нафар чи саволи заруре дорад. Пас ҷавоб гуфт: - Ин шо Аллоҳ ба қадри медонистаам ҷавоб хоҳам гуфт. - Ман аз марг метарсам. Аз мурдаҳо метарсам ва ҷанозаҳо намеравам. Гар ҷанозаи ягон нафари наздикам бошад ба тобут наздик намешавам. Чи кор кунам?- пурсид он мард. Домулло каме хомуш монд. Сипас аз он нафар пурсид: - Оё дар кудаки ҳам аз ягон чи метарсидед? - Дар кудакиям аз баланди метарсидам, аз оббози метарсидам, аз раъду барқ метарсидам.- ҷавоб гуфт он мард. - Яъне шумо то ба ҳол аз баланди ва оббозию раъду барқ метарсед?- пурсид домулло. Он мард аз саволи додаи домулло ҳайрон шуд вале ҷавоб гуфт: - Не не! Чун якчанд маротиба маро масхара карданд оббози омухта тайёр шудам ва дигар аз оббози натарсидам. Чун бо ёрии ҷураҳо аввал ба дарахти баланде баромадам, сони болои куҳе баромадам дигар аз баланди натарсидам. Чун якчанд маротиба зери раъду барқ мондам аз раъду барқ ҳам натарсидам. -Яъне чун омухта тайёр шудед дигар аз он чи ки метарсидед тарсатон дур шуд? Пас ин аст ҷавоби саволи шумо!- гуфт домулло. - Чи? Ман нафаҳмидам? Чист ҷавоби саволи ман?- пурсид он мард. - Бародар! Донишҷу гар ба имтиҳон тайёр набошад- аз наздик омадани имтиҳон метарсад! Мову шумо гар ба омадани зимистон тайёр нашуда бошем, либоси гарм надошта бошем, ҳезум тайёр накарда бошем- аз омадани зимистону хунуки метарсем. Дар бахорон гар ҷуйборхоро тоза накарда бошем - аз омадани сел метарсем. Яъне гар ба чизе, ки тайёр набошем албатта аз омадани он тарс дорем. Шумо ҳам ба омадани марг тайёр ки нестед метарсед. Ҳол он ки баланди набарои мешавад ва бе ин ҳам умр мегузарад, дар дарёву кул оббози накуни ҳам мешавад, имсол аз имтиҳон нагузашти соли дигар шояд тайёр шуди насибат мешавад супоридан - аммо аз чашидани Марг касеро ҷои гурез нест! Хоҳем нахохем як руз Малакулмавт суроғи мо хоҳад омад. Аммо дигар барои тайёри дидан ба ин «имтиҳон» бароят фурсат нахоҳад буд! Малакулмавт чун сел ҳама он чи, ки аз пешаш баромад бо худ бубарад. Акнун шумо гуфтед, ки шарм дошта оббози омухтам, шарм дошта баланди баромадан омухтам ҳамин тавр не? Пас оё шумо аз Худованди худ шарм намедоред дар рузе, ки рузи «Саволу ҷавоб» наздаш «бо дасти холи» ҳозир хоҳед шуд ва аз ин зиндаги пурсида хоҳед шуд? Охир аз ин гурез нест ку!? - Пас шумо ба ман чи маслиҳат медихед?- пурсид он мард. - Барои омадани он марг тайёр шавед! Тоъату ибодат намуда ба «саволу ҷавоби Илоҳи» тайёри бинед! Пулу моли доштаатонро «захираи охират» намоед. Гар тайёр шудед дигар тарс аз дили шумо гум хоҳад шуд - балки бо ҷону дил онро қабул хоҳед кард!– ҷавоб гуфт домулло. - Тоъату ибодат маълум. Аммо оё аз ҳамин пулу моли имруз доштаам мешавад барои охиратам захира намудан? Охир мардум мегуянд ки ин пулу молро бо худ бурда намешавад. Домулло шумо маро масхара доред? – боз пурсид он мард. -Бародар! Мо мусалмонем ва ҷавоб ба суолҳои худ аз Қурьону аҳодиси Набави бояд дарёфт намоем- на ин ки «мардум мегуяд», «бобом гуфта буд», «фалони мегуфт ки»-ро гуш дода бовар намоем! Худованд худ ваъдаҳо намудааст, ки гар имруз мо ятиму гуруснаеро сер намоем, онҳоро либосе пушонем, масҷиде ва ё мактабу роҳе бунёд намоем- дар охират У (ҷ.ҷ) дар Ҷаннат барои мо қасрҳое бунёд созад, ки амсолаш дар дунё нест. Боғҳову чашмаҳои мусаффо бароямон омода созад ки соатҳо онро васф созам кам аст! Ин аст захира охират намудан- яъне ҳар чи ки дар роҳи хайр сарф намуди он аст моли ту. На он пулу моле ки имруз дори-чун пас аз маргат он насиби дигарон хоҳад шуд!- ҷавоб гуфт домулло. Нафаронеро оё ёд доред, ки пулу мол сарф намуда хонаҳои бо даб даба бунёд сохтанд, моли дунё гирд оварданд- аммо насибашон нашуд роҳати он пулу молро ва иморатҳоро дидан. Дар он иморатҳои бо «хуни дил» солҳо сохтаашон зиндаги намоянд- ва ё баъзе якчанд рузу моҳе роҳат кардаанду он насиби дигарон гашт. Чун ин дунё «фони» аст ва марг болои онҳо омаду ин «дунё»-и обод сохтаашонро дар як замон барбод сохт. Аммо «дунёи боқи» фано нахоҳад шуд. Он қасрҳову боғҳову чашмаҳое, ки имруз мову шумо бо тоъату ъибодату хайру саховат ва некии намудаамон ба даст хоҳем овард дар «Қиёмат) абади насиби мо хоҳад гашт Ин шо Аллоҳ! Бузургони пешин мегуфтаанд ки: - Ҳаргиз ин Дунёи фониро бо дуруғи абадии ин дунё (молу мулк) нахоҳам харид! Яъне пулу моли худро барои ба даст овардани охирати нек сарф хоҳам кард. Аммо афсус зиёди мардумони имруза дил ба ин пулу молу мансаб баста дар фикри охирати хеш нестанд. Гумонашон ин дунё барояшон абади хоҳад буд. Тарси шумо ҳам маълум аст, ки аз пулу моли доштаатон аст то насиби дигарон нашавад. Пас онро барои «охирати худ» сарф намуда захира намоед. Бале ин пулу мол шуморо аз мурдан наҷот нахоҳад дод – вале бо ин пулу мол шумо метавонед худро аз Ҷаҳаннам наҷот диҳед! Имруз аз гуноҳони гузашта «тавбаи насуҳ» намоед, тоъату ибодат намоед, хайру саховат намоед- чун шояд барои шумо «фардо» набошад! Кори имрузро ба фардо магузоред! Бузургон чи хуб моро насиҳате кардаанд ки: Эй дода ба бад ин умр аз нодони, Ту қиммати умри хеш кай медони? Фардо, ки ба зери хок танҳо мони, Гуйи ки кунам тавба, вале натвони! Он мард аз ҷавоби дарёфтааш қонеъ шуд ва бо нийяти он ки боқии умрро дар роҳи тайёри ба «имтиҳони Илоҳи» сарф хоҳад кард аз назди домулло берун шуд. Домулло ба худ гуфт: -Ин шо Аллоҳ гар у бо ин нийяти нек ъамал намояд наҷот хоҳад ёфт! ))))))))))))))))))))))))))))))))))))Ъибрат: Абуҳурайра (р) ривоят намуда, ки Расули Худо (саллаллоҳу Алайҳи васаллам) фармудаанд: -«Барҳам занандаи лаззатҳоро (маргро) зиёд ёд кунед». Чун маълум аст, ки гар мо ёд аз он марг намоем ва донем, ки як руз не як руз он болои мо низ омаданист албатта барои омадани он тайёри хоҳем дид. Аз дидани тобути пиру ҷавон ъибрат хохем гирифт. Гар тайёр гаштем аз марг нахоҳем тарсид. Аммо ибратро «оқилон» мегиранд- на беақлон. Пас «оқил» бошед –на беақл! Оқилро ҳар як рузу соати аз байн рафта, ҳар як ҳодисаи неку бади ба вуқуъ омада, ҳар як ҷанозаи хонда дарси ибратест. Муъминон имон доранд ки болои майит аввалин имтиҳону суолу чавоб аз дохили қабр аст. Яъне чун майит дохили қабр карда шуд ва уро хок пушонда шуд Малоикаҳо хоҳанд омад ва суолу ҷавоб кард ки: - Худои ту кист? Паёмбарат кист ва динат чист? (Ман раббука, ман динука, ман набийюк). Бандаи муъмини амал дошта дар ҷавоб мегуяд: -« Парвардигори ман Аллоҳ, дини ман Ислом ва паёмбарам Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст». Аммо кофир ва ё мунофиқ дар ҷавоб мегуяд: -Намедонам! Ончи мардум мегуфтанд, ман низ бепарво мегуфтам. Пас дар он соати мудҳиш забони ки бурро хоҳад буд? Оё нафаре, ки тамоми умри худро ба ғафлат газаронид метавонад ҷавоб гуяд? Оё нафаре, ки «гап гапи дил аст» гуфта парвое аз «бандаги» надошт метавонад ҷавоб гуяд? Чун моро маълум аст, ки ҳар нафаре ки ба ин суолхо ҷавоб гуфт ҳамон лаҳза аз азоби қабр наҷот ёфт. Аммо вой бар ҳоли нафароне, ки ба ин тайёри надиданду он соат забонашон лолу гунг гашт. Барои ин тоифа мардум азобу машаққати қабр то рузи «ҷазо» хоҳад буд. Акнун худ каме андеша намоед, ки ин соати суолу ҷавоби қабр назди Фариштагон хоҳад буд- аммо он «рузи ҷазо» суолу ҷавоб назди Холиқи Арзу Само хоҳад буд. Дар он соат ҳар як узви бадан худ аз кардаи ту, аъмоли ту шоҳиди хоҳанд дод. Он соат баҳонаву дуруғ кор наояд. Он соат соатест ки қиммати он тамоми умри гузаронидаат хохад буд. Яъне дар тули умр ҳар амале ки доштем сазои онро албатта хоҳем дид! Пас нафароне, ки ба ин Имон доранд бояд аз ин умри 20 солу 30 солу 50 соли худ , пулу моли худ, вазифаву зури бозуи худ мағрур нагашта дар паи «ризои Худованд» бикушанд. Ҳазрати Луқмон ба фарзандаш насиҳат кардаанд ки: -« Дунёятро ба охиратат бифурӯш- ки ҳардуро ба даст меоварӣ! Ва охирататро ба дунё мафурӯш-ки ҳардуро аз даст медиҳӣ». Яъне ин дунё ва зиндагиву бандагии онро барои қиммати охиратро ба даст овардан сарф намо то аз аҳли Ҷаннат гарди. Аммо гар дунёро «ҷаннати руи замин» гуфта танҳо дар фикри кайфу сафо бепарво аз тоъату ибодат гашти рузи ҷазо пушаймон хоҳи гашт. Чун маълум аст ки: - «Ин дунё киштзори охират аст». Пас барои охират кишт кун, то ҳосилашро дар охират ба даст ори, ва кушиш кун ба корҳои беҳуда ва зироъате ки ҳосил намедиҳад машғул машави». Ҳазрати Али (Аллоҳ аз у рози бод) мефармояд: - «Дунё дар ҳолати дуршудан ва охират дар холи наздик шудан аст ва ҳар кадом аз ин ду фарзандоне доранд. Пас шумо аз фарзандони охират бошед ва аз фанзандони дунё мабошед! Зеро ки имрӯз амал ҳаст ва ҳисобе нест ва фардо ҳисоб аст ва амале нахоҳад буд». Расули Акрам (дуъову дуруд ба убод) мефармоянд: -«Ҳар гоҳ инсон бимирад, амалаш қатъ мегардад, магар аз се чиз: садақаи ҷория ё илме, ки аз он истифода шавад ва ё фарзанди неке, ки барояш дуо кунад». (Ривояти Муслим). Пас зиндагии дунё арзише надорад, ки инсон ҳамаи чизи худро сарфи он кунад. Инсони оқил касест, ки аз вақту имконоте, ки дар ихтиёр дорад, барои обод кардани охират истифода кунад ва бидонад, ки зиндагии ҳақиқӣ - зиндагии охират аст. Моро мебояд шавқу рағбат ба анҷоми тоъот ва ҳирс бар он, ба хотири подош ва савобе, ки дар пай дорад. Тарс аз гуноҳу палидихо ва дур шудан аз чунин аъмоли нангин аз тарси он рӯз мебояд. Вақте, ки инсон имон дошта бошад, ки Аллоҳи мутаъол махлуқотро пас аз мурданашон зинда мекунад ва аз ҳар хубу бади онон ҳисобот мегирад ва интиқоми мазлумро мегирад, ҳатто аз ҳайвон, ҳатман ба роҳ меояд ва ба тоъати Аллоҳ машғул мешавад. Бинобар ин ҳатто дар ин дунё решаи шарру фасод аз байн меравад ва хайру некӣ бар ҷомеъа ҳоким мешавад ва фазилату итминон ва оромиш ҳама ҷоро фаро мегирад. Дар «Саҳеҳи Бухори», ҳазрати Абӯҳурайра Давсий(Аллоҳ аз у рози бод) ривоят кардааст, ки Расули бузургворамон (дуъову дуруд ба у бод) дар тавсифи як саҳна аз рӯзи ҳашр (Маҳшар) мефармоянд: -«Пас аз он ки Аллоҳи Мутаъол аз қазовати байни бандагон дар ҳоле фориғ мешавад, ки фақат яке аз бандагонаш байни биҳишту дӯзах билотаклиф мондааст. Ва ӯ охирин фарди дӯзахист , ки бо Раҳмати Илоҳи вориди биҳишт мешавад. Ӯ ки чеҳрааш ба сӯи Дузах аст, мегӯяд: -Парвардигоро! Чеҳраамро аз дӯзах баргардон, зеро вазиши ҳавои оташи он ҳоламро ба ҳам мезанад ва шӯълаҳои оташинаш маро месӯзонад. Аллоҳи Мутаъол мефармояд: -Агар ин хостаатро бароварда созам, чизи дигаре намехоҳӣ? Мегӯяд: -Савганд ба Иззатат, ки намехоҳам! Ва чандин аҳду паймони дигаре мебандад. Аллоҳи Мутаъол чеҳраашро аз ҷониби дӯзах бармегардонад. Вақте чеҳрааш ба сӯи биҳишт мешавад ва шодобии онро мебинад, ибтидо андаке сукут мекунад, сипас мегӯяд: : -«Парвардигоро! Маро наздик ба дарвозаи биҳишт бибар! Аллоҳи Мутаъол ба ӯ мегӯяд: -Магар ту аҳду паймон набастӣ, ки дигар чизе нахоҳӣ? У мегӯяд: -Парвардигоро! Маро шақитарин бандаат магардон! Аллоҳи Мутаъол мефармояд: -Агар ин хостаатро низ бароварда созам, чизи дигаре намехоҳӣ? Мегӯяд: -Савганд ба иззати Ту, ки дигар чизе намехоҳам! Аллоҳ ӯро наздики дарвозаи биҳишт мебарад. Вақте чашмаш ба зебоиҳо ва шодобиҳои биҳишт меафтад, лаҳзае сукут мекунад, сипас мегӯяд: -Бори Илоҳо! Маро вориди биҳишт гардон. Аллоҳи Мутаъол мефармояд: -Вой бар ту эй фарзанди Одам, чӣ қадар аҳдшикан ҳастӣ! Магар ту бо ман он ҳама аҳду паймон набасти, ки чизи дигаре нахохи?. мегуяд: -Парвардигоро! Маро шақитарини (бадбахт) бандагонат магардон! Аллоҳи Мутаъол ба ин рафтори бандааш механдад. Сипас ба у иҷоза медиҳад, ки вориди биҳишт шавад ва мефармояд: -Акнун ҳар чи орзу дори, бихоҳ! Пас у он қадар металабад, ки орзуҳояш ба поён мерасад. Аллоҳи Азза ва Ҷалла ба ёдаш меандозад, ки чунину чунон бихоҳ, то ин, ки ин орзуҳо низ ба поён мерасад. Ҳақ таъоло мефармояд: -Ду баробари он чи хости ба ту иноят фармудам». Ва дар ривояти АбуСаъиди Хузри (р) омадааст, ки ман худам шунидам, ки Он Ҳазрат (дуъову дуруд ба у бод) фармуд: - Аллоҳи Мутаъол фармуданд: -« барои ту он чи ки хости ва ба даҳ боробари он». Пас бародарону хоҳарони Имони аз ин ҳадиси муборак мову шумо бояд ъибрат бигирем, ки Худованд пасттарини бандагонашро аз Ҷаҳаннам дур намуд ва дар Ҷаннат чи неъматҳое ато намуд. Акнун гар шумо аҳли тоъату ъибодат ва хайру саховат бошед танҳо Аллоҳ донад чи неъматҳои Бузурге бароятон ато хоҳад кард! Барои хамин дар паи «ризои Аллоҳ» мебояд кушид. Имруз гар аз нафаре ба ивази як коре як ваъдае бигирем (ҳатто агар дуруғ ҳам гуяд) аз паи амали кардани он дар ҳаракат мегардем. Аммо замоне, ки мо Имон дорем ба ваъдаҳои Илоҳи магар месазад аз тоъату ъибодат ва хайру саховат дур будан? Гар Имон дорем, ташнаи Ҷаннати пурнозу неъматем -албатта бояд дар тоъату ъибодат ва хайру саховат бикушем то Аллоҳ аз мо рози бошад. Ва илло Ҷаннат ҳаст- ва аммо Ҷаҳаннам ҳам ҳаст! Пас Ҷаҳаннам мунтазири беТоъатону мунофиқону кофарон интизор аст! Имрузу ин соатҳоро ғанимат шуморему дар паи тоъату ъибодат бикушем-чун гумон аст умри мову шуморо чанд рузу соат боқи бошад ё хайр! Худованд мову шуморо рузи Ҷазо аз некбахтон гардонад-на аз бадбахтон
    2 комментария
    6 классов
    Гуфта буди, ки ба гайри ту надорам ёре, Суи дигар нанихам мехри нигохам боре Рафт аз ман ба фиреб бе ту чавони ба Худо Нолам аз чабри ту ному нихони ба худо. Гуфта буди зи хаёли ту кашам бедори, Ман нахохам , ки расад бар дили ту озоре. Ташналаб суи ту рафтам, ки ту оби ба Худо, Пай набурдам, ки фиребанда сароби ба Худо. Гуфта буди, ки дилам дихи хароб аз гами ту, Гуфта буди бар сарам руди фирок аз гами ту. Баъд аз ин чашм нагардам сари рохат ба Худо, Баъд аз ин дарду алам ёр панохат ба Худо
    2 комментария
    5 классов
    КТО НА ФОТО ??
    6 комментариев
    417 классов
    Ку мардм як фигр кнен.
    1 комментарий
    6 классов
    МУҲАББАТИ НОМАРД (Қисми 2) Идомааш ... - Зиқ нашав, ҷонам! Ба касе ҳам аз асли воқеа чизе нагӯй. Баъди чанд рӯз ман падару модарамро ба хонаи шумо мефиристам ва ҳатман туро ба занӣ мегирам. Баъди ин ногаҳон сарам чарх заду афтидам. Дилам ба дард даромад. Субҳи он рӯз мо ҳарду ба беморхонаи ноҳия рафтем. Баъди ташхиси духтур маълум шуд, ки ман ҳомиладор шудаам. Духтур Мусъабро шавҳари ман фикр карда, ӯро “ба наздикӣ падар мешавӣ” гуфта, табрик кард. Ин гап духтур ӯро хушҳол намуд. Ман бошам аз шунавидани ин гап нороҳат шудам. Берун баромада, хеле гиристам. Бисёр мехостам, ки дод занам. Гашта ба назди духтур даромадам ва бо ӯ маслиҳат кардем, ки рӯзи дагар рафта, тифлаки батнамро тоза мекунам. Ҳамин тавр ҳам шуд. Вақте Мусъаб исқоти ҳамламро фаҳмид, сахт қаҳраш кард. Акнун ӯ тез - тез ба ман занг зада, маблағ мепурсид. “Медиҳӣ ё суратҳои дар оғӯши ман урёнатро ба интернет мегузораму нодухтар буданатро ба ҳама мегӯям”. Дигар илоҷ надоштам. Маблағи хостаашро ёфта, ба ӯ медодам. Бадии дигар дар он ки варақаи ташхиси духтур дар дасташ буд. Дар баробари маблағ баъзан маро ба ҳамхобагӣ даъват мекард. Зорӣ мекардаму “не” мегуфтам, вале боз ҳам ҳамон таҳдид. “Расмҳоятро дар интернет мегузорам” мегуфту ҳақоратам мекард. Маҷбур розӣ мешудам. Шаби дароз даруни пахтазор медонисту ману ӯ. Гоҳҳо маро ба хонаашон мебурд. Ҳамин тавр, ман барои Мусъаби лаънатӣ бозичаи тайёр будаму як манбаи даромади муфт. Ӯ аз ман маблағ мепурсиду мани соддаи фиребхӯрда медодамаш. Чанд бор пул наёфтам ва маҷбур гӯшвору чалаи тиллоиямро фурӯхта пулашро ба ин ҳарроми духтарбоз медодам. Вақте модарам чанд бор “Гӯшворат канӣ? Ангуштаринатро куҷо кардӣ?” гуфта пурсид, сарамро хам карда, “гум кардаам” гуфтам. Дидам, ки рӯз то рӯз ҳолам бадтар мешавад аз кор рафтам. Ба ноҳия омада, дар яке аз марказҳои касбомӯзӣ дӯзандагиро омӯхтам. Ба деҳа рафтан нахостаму дар марказ дар хонаи холаам мондам. Он ҷо дар яке аз фирмаҳои дӯзандагӣ ба кор даромадам. Фикр кардам, ки акнун аз ӯ халос шудам, вале ин фикрам хато баромад. Баъди ду ҳафта ин аблаҳ ба ҷойи кори навам омад. Корро тамом карда, ба берун баромадам, ки дар бехи дарахти рӯи ҳавлии корхона ӯро дидам. Пешам омаду бо ғазаб гуфт: “Аз ман гурехта, ҷойи коратро иваз намудӣ. Фикр кардӣ, ки аз ман халос шудӣ акнун? Ин фикрат хом аст, фоҳиша. То замоне, ки ман зиндам, ту аз дастам халос шуда наметавонӣ. Ба шавҳар барову рӯзатро бин” ва як шаппотии обдоре ба рӯям заду рафт. Баъди 3 рӯз боз омаду пул пурсид. Маблағ надоштам. Аз як ҳамкорам бо зора як миқдор пул гирифта, ба ӯ додам ва рафт. Минбаъд тез – тез омада меистоду пул гирифта мерафт. Баъзан омада, маро ба ҳар хел хона мебурд ва то субҳ бадтарин зулмро дар ҳаққам раво медид. Баъд аз ин рӯзам сиёҳтар мешуд. Чанд бор хостам, ки худро ба қатл расонаму аз ин нокас халос шавам, аммо аз ғазаби Худованд ва азоби дӯзах сахт метарсидам. Хонаводаи онҳо муносибати моро медонистанд. Ба гуфти дугонаам, ки ҳамсояашон буд, чанд бор аз Мусъаб хостаанд моро тӯй кунанд, лекин ин лаънатӣ ба онҳо гуфтааст, ки “ӯ духтар нест ва ман ӯро намегирам”. Ҳамин тавр, Мусъаб бо духтари дигаре аз деҳаи ҳамсоя издивоҷ кардааст. Хеле хурсанд шудам, ки оқибат аз ин бадзод халос шудам, чунки дигар ба назди корхонаам намеомад. Вале пас аз се моҳи зиндагӣ аз занаш ҷудо шудааст. Як саҳарӣ нав ба корхона расидам, ки телефонам занг зад. Бинам рақами ношинос аст. Азбаски дӯзандаам, ягон муштарӣ гуфта, бардоштам. Аммо ҳамин лаънатӣ будааст. Ин дафъа пули калон талаб кард. “Надорам” гуфтам, аммо гуфт, ки лаҳзаҳои хобухезамонро сабт кардаасту агар маблағро барояш наёбам, наворашро ба интернет мегузорад. Маҷбуран ҳамаи тилловориҳои худро фурӯхта, пулашро ба Мусъаб додам, то ки он воқеаи ба сарам омадаро фош насозад. Ҳатто ҳар моҳа нисфи маошамро ба Мусъаб медодам. Дар ин миён хостгорҳо пай дар пай ба хонаамон меомаданд. Ҳамеша хоҳиши онҳоро рад мекардаму “ҳоло шаваҳар намекунам” мегуфтам. Падару модарам мепурсиданд, ки “чаро шавҳар намекунӣ? “Пир, ки шудӣ, баъд ба ягон муйсафеди занмурда мерасӣ ё зани дуюм мешавӣ”. Аммо намехостам, ки волидонамаз нодухтар буданам огоҳ шаванд Хоҳарам мактабро хатмкарду як моҳ баъдаш ба шавҳар баромад. Мани ҷавони фиребхӯрда бошам, то ҳанӯзам ба хосгорҳоям ҷавоби рад медодам. Аз дасти Мусъаби лаънатӣ рӯз надоштам. Ӯ минбаъд занг зада, маблағи калон мепурсиду вақт медод ва бояд дар ҳамон фурсати додааш пулро ба ҷойи гуфтааш бурда медодам. Рӯзи шанбе нисфирӯзӣ аз кор баромадаму ба деҳаамон омадам. Дар нақлиёти тарафи деҳа ба як духтар вохӯрдам. Худро Ситора гуфта, муаррифӣ кард. Зиқ буду беовоз мегирист. Аз сабаби он ки дар паҳлӯи ман нишаста буд, сабабашро пурсидам. ”Апаҷон, хонаам сӯхт. Ба доми фиреби як ҷавони деҳаи ҳамсояамон афтидам. Бо фиреб духтариамро гирифт. Акнун таҳдид мекунад, ки агар ба ӯ пул надиҳам, шармандаам мекунад. Ба ӯ маблағ бурда будам. Аз ҷонам безор шудаам” гуфту гиря кард. Ситораро маҷбур кардам, то саргузашташро бароям нақл кунад. Давом дорад ...
    1 комментарий
    6 классов
    Рузе хазрати Мухаммад (с.а.в) дар Макка буд. Ногахон Чабраил (а) ба назди Хазрати Мухаммад (с.а.в) омад гуфт. Ай Мухаммад (с.а.в) ман як назар ба суи дузах кардам, нисфи умати ту дар дузах месухтанд. Вакте ин суханхоро Мухаммад (с.а.в) шунид ба суи куххои Макка давида рафт.. Сахобахо шитоб карданд уро наёфтанд. Чахор руз хазрати Мухаммад (с.а.в)- ро кофтанд вале аз у хабаре набуд.БИлохира сахобахо ба назди чупоне расиданд.. Он чупон сараш хам буд гусфанд бони мекард. Пурсиданд ай чупон Мухаммад (с.а.в)- ро надиди? Гуфт на ман Мухаммад (с.а.в)- ро намешиносам. Сахобахо гуфтанд ай чупон барои чи дар инчои? Гуфт чахор руз аст, ки гусфандони ман аз чои худ харакат накардаанд. Манхам дар ин мудат обу нон нахурдаам.. Сахобахо гуфтанд барои чи харакат намекунанд.. Чупон гуфт аз хамин даруни гор чахор рузаст, ки овози гиря меояд ва гусфандони ман оби чашм мерезанд. Вакте сахобахо вориди гор шуданд диданд, ки хазрати Мухаммад (с.а.в) дар сачда аст, гиря мекунад.. Алохума махфирили, умати умати умати ( худоё уматони маро гунохояшонро бубахш)
    3 комментария
    9 классов
Закреплено
  • Класс
  • Класс
Фикри шумо мухим аст
Результаты после участия
  • Класс
Показать ещё