модар
Маънои калимаи «оқ»
нофармонбардор, гапногир,
яъне фарзанде, ки аз
фармони падару модар баромадааст, фарзанди бад,
саркаш нофармон. Ва
истилоҳи «оқи падару
модар» зидди истилоҳи
«некӣ ба падару модар»
мебошад. Оқи падару модар яъне некӣ
накардан ба падару модар,
итоат накардани онҳо, ёрӣ
надодан ба онҳо.
Аз ҷумлаи корҳои
нофармонии (оқи) падару модар, ин дашном ба падар ё
модар ё ҳардуяшон аст.
Ҳамон гунае, ки дар ҳадисе
Расулуллоҳ саллаллоҳу
ъалайҳи васаллам фармуд:
«Аз ҷумлаи бузургтарин гуноҳон ин аст, ки мард
падару модарашро дашном
кунад» Саҳобагон гуфтанд:
«Эй Расули Аллоҳ! Оё мард
падару модарашро дашном
медиҳад?» Расулуллоҳ саллаллоҳу
ъалайҳи васаллам фармуд:
«Дашном медиҳад мард
падари мардеро, пас дашном
медиҳад он мард падарашро
ва дашном медиҳад модари мардеро, пас он мард дашном
медиҳад модарашро.»
Ҳамчунин тарки онҳо, қатъи
робита бо онҳо, хабар
нагирифтан аз аҳволашон аз
шаклҳои оқи падару модар аст.
Аллоҳи Мутаъол мефармояд:
«Ва Худоро бипарастед ва
чизеро шарики Ӯ муқаррар
макунед ва ба падару модар
... накӯкорӣ кунед. Ҳамоно Худо касеро дӯст намедорад,
ки мутакаббири худситоянда
бошад;»
[Сираи Нисо, 36]
«Ва Парвардигори ту ҳукм
кард, ки ба ҷуз Худаш [дигаре]-ро ибодат макунед;
ва ба падару модар некӯкорӣ
бикунед; агар яке аз онҳо, ё
ҳар ду наздики ту ба
калонсолӣ бирасанд, пас, ба
онҳо «уф» магӯ ва бар онҳо бонг мазан ва ба онҳо сухани
некӯ бигӯ.
Ва аз ҷиҳати меҳрубонӣ
бозуи тавозӯъро барояшон
паст кун ва бигӯ: «Эй
Парвардигори ман, бар онҳо бибахшой, чунончи маро дар
хурдсолӣ парвариш
карданд».
[Сураи Исро, 23, 24]
Ва некӣ дар ҳаққи падару
модар фазилати бузург дорад, дар ҳадис омадааст,
ки аз Расулуллоҳ савол шуд,
ки кадом амал афзал аст,
фармуданд: «Намоз дар
вақташ», пурсиданд боз
кадом (амал) ? Гуфтанд: «Некӣ дар ҳаққуи падару
модар», Боз пурсиданд,
гуфтанд: «Ҷиҳод дар роҳи
Аллоҳ.»
Ва бар бузург будани гуноҳи
нофармонии падару модар дар Саҳеҳайн омадааст, ки
Расули Аллоҳ саллаллоҳу
ъалайҳи васаллам
фармуданд: «Оё шуморо аз
бузургтарин гуноҳон огоҳ
кунам?» Саҳоба гуфтанд: «Бале, эй Расули Аллоҳ!»
Фармуданд: «Ширк овардан
ба Аллоҳ, [оқи] нофармонии
падару модар» ва дар ҳоле
ки такя карда буданд,
нишаста гуфтанд: «Шаҳодати дурӯғ, шаҳодати дурӯғ».
Ва аммо зулми падар ба
фарзандаш гуноҳ аст ва
Аллоҳ аз он розӣ нест ва агар
падар фарзандашро ба коре
амр кунад, ки гуноҳ аст, пас, инҷо набояд аз падар итоат
кунад, чунки итоати махлуқ
дар нофармонӣ ба Аллоҳ
ҷоиз нест. Аммо барои
фарзанд лозим аст, ки бо
ахлоқи нек ба падару модар рафтор кунад ва бадии
падару модарро бо бадӣ ва
сухану рафтори бад ҷавоб
надиҳад, зеро онҳо сабаби
мавҷудияташ шуданд, баъд
аз Аллоҳ. Аз падарон низ даъват
мешавад ҳуқуқи
фарзандонашонро риоят
кунанд, номи некашон
гузоранд, Қуръону намоз
омӯзандашон, тарбия кунанду адаб омӯзанд.
Падарон бояд донанд, ки
Аллоҳ зулмро бар Худ ҳаром
кард, байни бандагонаш низ
ва итоати фарзанд аз падар
маънои онро надорад, ки падар иҷозат дорад, ки бар
фарзандаш зулм кунад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев