♥
♥Дγсmσнu Хγдσ ҳατмαн δuхσнед♥
ﺑِﺴْﻢِ ﺍﻟﻠَّﻪِ ﺍﻟﺮَّﺣْﻤَﻦِ ﺍﻟﺮَّﺣِﻴﻢِ
«Мо дар шаби қадр нозилаш кардем! (Қуръонро) Ва ту чӣ донӣ, ки шаби қадр чист?
Шаби қадр (шабест, ки) беҳтар аз ҳазор моҳ аст. Дар он шаб фариштагону руҳ (Ҷабраъил) ба фармони
Парвардигорашон барои анҷом додани корҳо нозил мешаванд. Он шаб то тулӯи бомдод ҳама салому осоиш аст!» [Cураи Қадр;1-5]
«Ҳароина, Мо онро (Қуръонро) дар муборак шабе нозил кардем. Ҳаройна, Мо бимдиҳанда будаем.Дар он шаб ҳар фармоне мувофиқи ҳикмат содир мешавад,фармоне аз ҷониби Мо. Ва ҳаройна, Мо ҳамеша фиристодаи он будем.» [Духон;2-5]
Аз Абӯ Ҳурайра (р) ривоят аст,ки Паёмбар
( ﺻﻠﻰ ﺍﻟﻠﻪ ﻋﻠﻴﻪ ﻭﺳﻠﻢ)
гуфтанд: «Касе шаби қадрро бо ихлос ва таваққуъ шабзиндадорӣ (ибодат) намояд,гуноҳони пешинааш бахшида мешавад». [Имом Бухорӣ ва Муслим]
Аз Абӯ Ҳурайра (р) ривоят аст,ки Расулуллоҳ
( ﺻﻠﻰ ﺍﻟﻠﻪ ﻋﻠﻴﻪ ﻭﺳﻠﻢ)
фармуданд: «Ба дурустӣ,ки дар шаби Қадр шумораи малоикаҳои раҳмат зиёд ҳастанд назар ба сангпораҳои хурд.» [Ибни Ҳузайма ва Тайлисӣ бо санади ҳасан]
Ривоят аст аз Абӯ Ҳурайра (р),ки Ҳабиби Худо
(ﺻﻠﻰ ﺍﻟﻠﻪ ﻋﻠﻴﻪ ﻭﺳﻠﻢ)
гуфтанд: «Дар он моҳ (Рамазон) Аллоҳ шаберо дорост,ки беҳтар аст аз ҳазор моҳ. Касе, ки аз хайру баракоти он шаб маҳрум гардад, маҳруми (бадбахти) ҳақиқӣ ҳамон кас аст.» [Имом Аҳмад,Насоӣ,Ибни Ҳузайма ва Аби Шайбаҳ] Оиша (р) мефармояд: «Расулуллоҳ
( ﺻﻠﻰ ﺍﻟﻠﻪ
ﻋﻠﻴﻪ ﻭﺳﻠﻢ)
дар даҳаи охири Рамазон ончунон кўшиш ва ҷидду ҷаҳд мекард (яъне ибодати зиёд), ки ҳаргиз дар дигар вақтҳо чунин намекард» [Аби Шайбаҳ]
Оиша (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар
( ﺻﻠﻰ
ﺍﻟﻠﻪ ﻋﻠﻴﻪ ﻭﺳﻠﻢ) даҳ рўзи
охири моҳи Рамазонро (,ки шаби Қадр дар яке аз шабҳои тоқи он мебошад,)
зинда медошт ва аҳли худро низ бедор месохт ва аз наздикии заношавҳарӣ канора меҷўст. [Имом Бухорӣ,Муслим,Тирмизӣ,Абӯ Довуд,Насоӣ,Ибни Моҷа]
Аз Оиша (р) ривоят аст,ки Паёмбар
( ﺻﻠﻰ ﺍﻟﻠﻪ ﻋﻠﻴﻪ ﻭﺳﻠﻢ)
мефармоянд: «Шаби қадрро дар шабҳои даҳ рўзи охири моҳи Рамазон биҷўед» [Имом Бухорӣ,Муслим]
Дар ҳадиси дигар,ки монанд ба ин ҳадис аст,Расулуллоҳ
( ﺻﻠﻰ ﺍﻟﻠﻪ ﻋﻠﻴﻪ
ﻭﺳﻠﻢ) фармуданд: «Шаби
қадрро дар шабҳои тоқи даҳ рўзи охири моҳи Рамазон биҷўед» [Имом Бухорӣ,Муслим,Тирмизӣ]
Дар шарҳи ҳадис Имом Тирмизӣ (р) мегуяд,ки шаби Қадр дар 21ум ё 23юм ё 25 ё 27 ё 29уми моҳи Рамазон рост меояд. [Сунани Тирмизӣ]
Ривоят аст аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р),ки Паёмбар
( ﺻﻠﻰ ﺍﻟﻠﻪ
ﻋﻠﻴﻪ ﻭﺳﻠﻢ) фармуданд:
«Бароям шаби Қадрро нишон доданд,аммо бо хости Аллоҳ фаромуш кардам.Он яке аз шабҳои даҳаи охири моҳи Рамазон аст.Он шаб шаби аъло бо осмони соф,ва на гармо ва на сармост.» [Ибни Ҳузайма ва Ибни Ҳиббон.Албонӣ саҳеҳ гуфтааст.]
Оиша (р) мефармояд, ки аз Расули Худо
( ﺻﻠﻰ ﺍﻟﻠﻪ ﻋﻠﻴﻪ ﻭﺳﻠﻢ)
пурсидам:«Эй Расули Худо, агар он шабро дарёфтам, чӣ бигўям?» Ҳазрат (с.а.в.) фармуданд: «Бигў: Худовандо! Ту бахшандаӣ ва афву бахшишро ҳатман дўст медорӣ, пас маро мавриди афву бахшиши Худ қарор деҳ» [Имом Аҳмад,Тиримзӣ,Ибни Моҷа ва Ал- Ҳоким.Ҳадиси саҳеҳ]
ﺍﻟﻠﻬﻢ ﺇﻧﻚ ﻋﻔﻮ
ﺗﺤﺐ ﺍﻟﻌﻔﻮ ﻓﺎﻋﻒ ﻋﻨﻲ /
Аллоҳумма иннака ъафван ,туҳиббуль ъафва фаъфу-ъанни.
Тах,uя-kунанда :
Дγсmu Хγдσ Мγстαфσҷσнu
Мαрхαмαт Дγстσнu Ислσм αз δαрσи Аллσҳ δα
пαйвαст шαвед.!. http://m.ok.ru/dk?st.cmd=altGroupMain&st.groupId=52446056808615&_prevCmd=userAltGroups&tkn=3397&_aid=groupOwnShowcase
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1