Аввалан саломи хешро ба аҳли гуруҳ ва тамоми муштариёни он мерасонам. Имрӯз ман, як зани умрам ба домани шаст расидаи ба қавли мардуми деҳот пичасафед, аз хонандагони азизи «гуруҳ» маслиҳат мехоҳам, зеро аз дасти писари ҷодушуда ва келини ҷодугарам рӯз надорам!
Шодию ғами бахти аввал
Ман дар оилаи миёнаҳоле ба дунё омада ба воя расидаам. Дар хона фарзанди калонӣ будам, волидонам ба ғайр аз ман боз як писару як духтари дигар доштанд. Зиндагии деҳот ба ҳама маълум, кӯдакиям пушт-пушти бузу бузғола ва гову гӯсола, байни даштҳои васеъи пахтазору кӯҳу дара сипарӣ гашту духтари қадраси зебое шудам. Талабгорони зиёде доштам, вале падару модарам маро ба писари як хеши дурамон доданд. Шавҳарам аз оилаи баобрӯ бошад ҳам, каме содафеълу беморнамо буд. Азбаски то шавҳар кардан чӣ будани ишқу муҳаббатро намедонистам, ба ӯ меҳр мондам. Бародарони шавҳарам ҳама мансабдор буданд ва мудом ба мо ёрӣ мерасониданд. Дар зиндагӣ аз чизе камбудӣ надоштем, вале аз никоҳамон шаш сол гузашта бошад ҳам, соҳиби фарзанд нагаштем. Духтурон тавсия доданд, ки ҷудо шавем, зеро хунамон як буда, ба фарзанддор шуданамон халал мерасонад. Ҳамин тавр мо бо хубӣ аз ҳам ҷудо шудем. Дубора баргаштан ба хонаи падарӣ бароям душвор буд. Ашки талх рехта худ ба худ савол медодам, ки наход мани шӯрбахт як умр аз шаҳди модар шудан маҳрум монам, вале…
Бахти дуввум
Бо шодию ғами худ овора гузаштани боз як соли умрамро нафаҳмида мондам. Хостгорон ҳар рӯз ба дари хонаамон меомаданд, вале падарам мегуфтанд, ки одами дар шир сухтагӣ дуғро ҳам пуф карда мехӯрад. Оқибат волидонам хостгории як марди занмурдаи аз ман бист сол калонро, ки ду писари ба балоғат расида доштааст, қабул кардаанд ва «фарзанддор нашавед ҳам, писарони ин мард дар дами пирӣ шуморо нигоҳубин мекунанд» гӯён, маро ба хонаи бахтам гусел намуданд. Ростӣ, дар дилам шавқи дубора шавҳар кардан набуд, вале тақдири Худованд навиштаро банда тадбир карда наметавонистааст.
Нахли умед
Хушбахтона шавҳарам марди хуб баромад, писаронаш низ маро ҳурмату эҳтиром мекарданд. Писари аввалӣ зан дошт, дуввумиро худамон хонадор кардем. Билохира дуоям мустаҷоб гашту як сол пас дар қадам кӯдак пайдо шуд. Писарони шавҳарам аллакай мард шуда бошанд ҳам, аз он ки додарчадор мешаванд, шод гаштанд, хурсандии маро бошад, ҳадду канор набуд. Мардакам намемонд, ки дастамро ба оби сард занам. Ҳамин тавр бо садҳо эҳтиёт писари нахустинамро ба дунё овардам, баъди ду сол бошад, духтарчаам таваллуд шуд.
Ташвишҳои зиндагӣ
Ҳавлиро ба фарзандони калонии шавҳарам монда, хонаамонро ҷудо кардем. Фарзандонам оҳиста-оҳиста бузург шуда дастёри ману падари пирашон гаштанд. Писарам мактабро хатм карда, ҳамроҳи рафиқонаш ба Русия мардикорӣ рафт. Бачаи ба даступанҷа, ки буд, ба зудӣ кор ёфт. Ҳар моҳ ба хона пул мефиристод. Бо пули писарам духтарамро бо обрӯ ба шавҳар дода, хонаҳоро таъмир намудем. Акнун навбати хонадор кардани Сарватҷон расида буд. Аз писарам пурсидам, ки ягон хушкарда дорад ё не, то ба хонаашон хостгорӣ равем. Сарватҷон «оча, касе, ки шумо гӯед, ҳамонро мегирам» гуфта, интихоби келинро ба ман вогузор намуд. Хостам ба хонаи муллои қишлоқ хостгорӣ равем, зеро духтаронаш зебою меҳнатӣ ва порсо буданд, вале келини калониям гуфт:
-Мулло занкалон аст, агар хоҳед, ки писари шумо низ бо доираи занаш рақс кунад, марҳамат!
Ин сухани келин шасти маро гардонд…
Арӯси кӯҳистонӣ
Кулчаю тӯшаи бисёре карда ҳамроҳи келинам ба деҳаи дурдасте, ки он ҷо хешони шавҳарам зиндагӣ мекарданд, келинкобӣ рафтем. Хешовандони мардакам ба мо чанд духтарро номбар карданд. Таваккалан ба хонаи яке аз онҳо сар халондем. Ҳавлӣ норӯфта ва пур аз хазону чирк буд. Духтараки сабзинае давида ба пешвозамон баромад, аммо мо баҳона пеш овардем, ки хонаи як шиносро меҷӯему хато кардаем. Намедонам кӣ ба духтарак келинкоб будани моро хабар дод, ки пас аз чанд дақиқа аз пасамон ба хонаи хешамон омада гуфт:
-Модараму падарам ба хонаи як хешамон ба тӯй рафтанду мо дар хонаи бибиям будем, барои ҳамин ҳавлию хонаҳоямон чиркин буданд. Хулоса, духтарак ман дузандааму фалону бисмадон гӯён худашро таърифу тавсифкунон ба осмони ҳафтум баровард. Намедонам аз азал тақдирашонро худованд бо ҳам пайваста будааст ё сари мани сода аз суханони ин арӯси куҳистонӣ гаранг шуд, ки Гулистонро келин карда ба худам дарди сар харидам…
Келин не, балои дусара…
Гулистон аз рӯзи аввали омаданаш дар хонадони мо қонунҳои худро ҷорӣ кард. Писарам бо нағораи занаш мерақсиду ба садои ӯ лаббай мегуфт. Чашмонаш баъди зангирӣ ману падарашро гӯё намедиданд. Умедвор будам, ки келиндор шавам, дастам сабук мешавад, вале хаёлам хом баромад. Келину писарам кай хоҳанд, аз хоб мехестанд ва нону оши тайёрро хӯрда, шӯхию бозӣ карда мегаштанд. Бори мани бечора ба ҷойи сабукшавӣ вазнинтар шуда, сарҳисоби корам гум буд. Аввалҳо дили шавҳарам ба ман сӯхта писару келинамро насиҳат мекард, вале баъд ӯ низ тарафи онҳо гузашт. Келинам бо баҳонаи “хонаи очааму хонаи холаам меравам” тез-тез аз она баромада мерафту шом бармегашт. Чанд бор бо чашми худам дидам, ки чӣ тавр Гулистон қоғазчаи бо ҳарфҳои арабӣ ким-чӣ навишташударо дар коса шуста обашро ба деги хӯрок андохт. Вақте пурсидам, ки чаро ин корро мекунад, баҳона пеш оварда гуфт, ки барои ҳомиладор шудан аз мулло таштоб гирифтааст.
Мавиз барои хар?!
Рафтори келинам торафт ғалатию шубҳаангез мегашт. Гулистон духтари қишлоқӣ бошад ҳам, худро олуфта гирифта, аз дари оғил намедаромад, вале аз чӣ бошад, ки вақтҳои охир ба хар бисёр меҳрубон гашта буд. Боре тасодуфан ба даҳони хар қанду мавиз мондани келинамро дида ҳайрон шудам, ки наход хар ба ҷойи коҳ ширинӣ хӯрад. Ин ҳодисаро ба духтарам нақл кардам. Сар ҷумбонда гуфт:
-Оча, ман як рӯз бо ду чашми сарам дидам, ки чӣ тавр Гулистон тӯморро дар қабати нон монда ба хари бечора хӯронд. Ба фикрам ин балокелинатон ҳамаи шумоёнро бо ҷодугарӣ хар гардондан мехоҳад…
Ин гапи духтарам то куҷо ҳақиқат дорад намедонам, вале ҳамаамон аз Гулистон мисли аҷал метарсем ва дар ҳақиқат ҳам хари хизматгори келин гаштаем.
Асири ҷоду
Писарам умуман бо мо гап намезанад. Вай ҳамроҳи занаш дар хонаи хоби худашон хӯрок мехӯрад. Келин писарамро дигар ба Русия рафтан намонд, акнун Сарватҷон дар деҳоти атроф устогӣ карда, тамоми ёфту тофташро сарфи ҳамсараш менамояд. Ману мӯйсафедам бо пули нафақаи худамон як бурида нон ёфта мехӯрем. Писарам тез-тез занашро гирифта ба хонаи хусураш меравад ва ҳафтаҳо он ҷо мемонад. Рӯзҳои дар хона буданаш ҳам худашро чунон аз ману падараш дур мегирад, ки гӯё мо барои вай тамоман бегона, аҷнабӣ бошем. Акнун вай натанҳо мо, балки хоҳари ягонааш ва фарзандони ӯро низ чашми дидан надорад. Духтарам аз муносибати сарди акаю янгааш ранҷида дигар ба хонаамон намеояд.
Мард не, патаки пайтоба!
Як рӯз ҳамроҳи шавҳарам дар замин кор карда, сахт монда шудем. Аллакай нисфирӯзӣ шуда бошад ҳам, келин ҳамоно дар назди телевизор ғел зада, кино тамошо мекард. Дар пешаш табақи нимхӯрдаи тухмбирён, дар як табақи дигар қанду қандалот, мавизу бодому писта, одами дидагӣ ӯро маликаи Ҳиндустон гумон мекард. Хориам омада гуфтам:
-Дидӣ, ки ману хусурат дар замин кор карда истодаем, ақаллан як дами гарм напухтӣ?
-Форама мепазум, нафорама не, чӣ корум мекнӣ?!-Дод зад ба сарам балокелин.
Дар ҷавоб чизе нагуфта, ҳамроҳи мӯйсафедам каме ҷурғот хӯрдаму шукри Худо гӯён, аз паси кору бори хона шудам. Бегоҳ Гулистон гапи маро ба шавҳараш дигар хел карда расондааст. Писари латтаи асири ҷодугаштаам қиёматро қоим карда, ҳар сангу чӯби ба дасташ омадаро ба сӯи ман ҳаво дода, дод мезад, ки кори ту ба зани ман набошад. Мӯйсафедам шоҳиди бегуноҳии ман бошад ҳам, ба ҷойи тарафи маро гирифтан келинашро пуштибонӣ карда, ба сарам борони дашному ҳақоратро рехт. Инаш ҳам дарди бахайр, чун намози шом фаро расид, ин мӯйсафеди пояш ба лаби гӯр расида дар чойнаке оби гарм гирифта ба келинаш дароз карду гуфт:
-Духтарҷон, ана оби таҳоратат!
Хонандагони азиз шояд ба гуфтаҳои ман бовар накунанд, вале Худо шоҳид аст, ки ҳарчи гуфтам, ҳақиқат аст. Келин ба хусураш оби таҳорат медод, аммо имрӯз шавҳари ришсафеди ман ба келинаш оби таҳорат гарм карда медиҳад!
Гулистон барои фиреби назар сатр баста, намоз мехонад, вале магар чунин зани ҷодугару маккораи дилозорро метавон мусалмон номид?!
Ба хонаи бесоҳибон равам?
Рафтори келини ҷодугар ва писару шавҳари латтаам дили маро аз зиндагӣ дар ин хонадон хунук кардааст. Мехоҳам ба хонаи бесоҳибон рафта, боқии умрамро дар он ҷо гузаронам. Ман, модаре, ки бо азобҳои алим фарзанд ба дунё оварда, бо сад ранҷу машаққат ба воя расонидааст, имрӯз дар хонаи худам баробари саг қадр надорам. Дилам ба ҳоли худам месӯзад. Дигар на рӯйи келини ҷодугарамро дидан мехоҳаму на шавҳару писарамро. Магар зиндаҷудоӣ ва дар танҳоӣ ҷон супурдан аз чунин зиндагии сагона беҳтар нест? Хонандагони азиз, шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев