Сиёсати андоз дар асоси дастуру супоришҳо ва раҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Ҳукумати мамлакат зина ба зина роҳандозӣ шуда истодааст. То им-рӯз дар самтҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла содагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорон ва сармоягузорон, содагардонии санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ислоҳот низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ, ислоҳоти низоми андозбандӣ, ташкили низоми ҳуқуқиву иқтисодии шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва рушди соҳаҳои дигар тадбирҳои муҳим андешида ва амалӣ шудаанд.
-Вобаста ба ин мавзӯъ суҳбате доштем бо директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Молия» дар назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, дотсенти кафедраи андоз ва андозбандӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Хуршед Ҷумъабоев, ки онро пешкаш менамоем.
- Лутфан мегуфтед, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми андози мамлакат ба кадом натиҷаҳо ноил гардид?
- Яке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳоти иқтисодӣ доир ба беҳтар намудани фазои сармоягзорӣ ва соҳибкорӣ, содагардонии расмиёти бақайдигии соҳибкорӣ мебошад. Бо дарназардошти ин низом «Равзанаи ягона» барои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҷорӣ шуд, ки он ба содагардонии расмиёти бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, таъмини шаффофият, бартарафсозии монеаҳои гуногун дар самти ташкили шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ равона шудааст.
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, Кодекси андоз се маротиба қабул шуд. То қабули Кодекси андози якум, дар ҷумҳури 45 намуди андоз, пардохт ва боҷ муқаррар шуда будаанд. Зиёд будани шумораи онҳо табиист, ки ба пешравии фаъолияти соҳибкории хурд ва миёна мусоидат намекард.
Қабули Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 1999 ва мавриди истифода қарор гирифтани он, шумораи андозҳоро аз 45 то 17 то оварда расонид ва тадриҷан меъёрҳои андоз низ паст карда шуданд мисол:
а) андози ААИ – аз 28 то 20%;
б) андоз аз фоида – аз 40 то 30%
в) андози иҷтимоӣ – аз 37 то 25% ва ғайра.
Қабули Кодекси андози нав (1.01.2005) вазифаи ҳавасмандии андозро дучанд сохт. Мисол: меъёри андоз аз фоида аз 30 ба 25% паст шуд. Инчунин, имтиёзҳои нав ворид шуданд, аз он ҷумла:
а) ҳамаи корхонаҳои истеҳсолӣ, дар соли ташкилёбиашон аз андоз аз фоида озод мебошанд (моддаи 145-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон);
б) корхонаҳо вобаста аз ҳаҷми сармоягузории солона ба муддати аз 2 то 5сол, аз андоз аз фоида озод мебошанд(моддаи 145-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон);
в) дар андозбандии сохтмонӣ, НБО аз пардохтҳои андозҳои зерин озод мебошанд:ААИ, андоз аз фоида, андози замин ва ғайра (моддаи 343-и Кодекси андозиҶумҳурии Тоҷикистон).
Иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои минбаъда, бо мақсади паст намудани гаронии андоз ва дастгирии соҳибкории хурд ва миёна низ дар амал зина ба зина татбиқ гардид. Мисол: дар соли 2009 бо пешниҳоди Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз 20 ба 18% ва андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ аз 25 ба 15% паст карда шуд.
- Дар даврони амали аввалин Кодекси андоз, яъне солҳои 1999-2004 низоми андози мамлакат ба кадом натиҷаҳо ноилгашт?
- Умуман, дар давраи амали аввалин Кодекси андоз, яъне дар солҳои 1999-2004, мувофиқи талаботи инкишофи иқтисодиёти миллӣ ва сиёсати иқтисоди давлатӣ, ба Кодекси андоз зиёда аз 100 тағйиру илова ворид гардид. Бояд гуфт, ки дигаргуншавии низоми иқтисодӣ, афзун гардидани ҳиссаи бахши хусусӣ, ҳимояи соҳибкорони ватанӣ ва зарурати сабук намудани гаронии андоз барои корхонаҳо, ҷамъбасти таҷрибаи андозбандӣ дар мамлакат, масъалаи аз нав дида баромадани аввалин Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мадди аввал гузошта шуд. Дар моҳи ноябри соли 2004, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳрири нав қабул ва аз 1 январи соли 2005 мавриди амал қарор гирифт.
Ба ҷорӣ шудани Кодекси андоз (2005) дар сохтори андози миллии ҷумҳурӣ тағйироти куллӣ ба амал омад. Пеш аз ҳама, ҳуқуқ ва вазифаҳои андозсупорандагон ва мақомоти андоз хеле саҳеҳ муайян гардиданд, шаклҳои назорати андоз ва ба амал татбиқ намудани онҳо, масъулият барои вайронкунии қонунгузории андоз, бақайдгирии андозсупорандагон ва дигар масъалаҳои андозбандӣ мувофиқи талаботи замон ҳалли худро ёфтанд.
Дар ҳамин давра теъдоди намудҳои андоз аз 17 то 19 зиёд карда шуд, мавқеъ ва тарзи ҳисоб намудани баъзе андозҳо, аз он ҷумла, андоз аз амволи ғайриманқул ва андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт тағйир ёфт. Ду намуди андоз, яъне андоз аз амволи корхонаҳо ва андоз барои нигоҳ доштани нақлиёти ҷамъиятии мусофиркаш боло рафта, андозҳои нав ба монанди андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ҷорӣ шуданд. Ғайр аз ин, Кодекси андоз (2005) барои мустаҳкам намудани заминаи буҷетҳои маҳаллӣ кумак намуд, зеро се намуди андозҳо – андоз аз амволи ғайриманқул, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт ва андоз аз фурӯши чакана ҳамчун андозҳои маҳаллӣ қабул гардиданд.
Баъд аз як соли амали Кодекси андоз (2005), дар моҳи декабри соли 2005 мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15 декабри соли 2005, №9182, тағйиру иловаҳо ворид гардид. Пеш аз ҳама, ҳаҷми амалиёти андозбандишаванда дар давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз 12 моҳи пурраи муттасили тақвимӣ барои баҳисобгирии бақайдгирии андозсупорандагони андоз аз арзиши иловашуда, аз 48 то 200 ҳазор сомонӣ зиёд шуд. Ин имкон дод, ки шумораи андозсупорандагони андоз аз арзиши иловашуда якчанд маротиба кам карда шуда, қисми зиёди соҳибкорони хурду миёна аз ин навъи андоз озод гарданд ва баҳисобгирии ҷамъоварии андоз аз арзиши иловашуда дуруст ба роҳ монда шавад.
Дар натиҷаи тағйирот, барои инкишофи минбаъдаи соҳибкории хурду миёна, имкониятҳои васеъ ба вуҷуд омад. Ғайр аз ин, ба имтиёзҳои андозӣ дар масъалаи андозбандӣ бо андоз аз арзиши иловашуда, як илова ба Кодекси андоз ворид гашт, яъне аз он воридоти моле, ки аз ҳисоби грантҳои давлатҳои хориҷӣ ба амал бароварда мешавад, минбаъд андоз аз арзиши иловашуда ситонида намешуд, ки ин илова барои самаранок ва мақсаднок истифода кардан аз грантҳои давлатҳои хориҷӣ мусоидат намуд.
- Кодекси андоз дар таҳрири нав, ки аз 1январи соли 2013 мавриди амал қароргирифт, нисбат аз кодексҳои пештара чӣбартарият дошт?
- Чуноне Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд: «Ҷиҳати афзоиши қисми даромади Буҷети давлатӣ бо роҳи ҳавасманд намудани андозсупорандагон ва андозбандии пурраи онҳо ислоҳот дар бахши андоз вобаста ба ҳарчи сода намудани низоми андозбандӣ ва кам кардани шумораи андозҳо таввасути муносиб сохтани миқдори умумии онҳо, ба таври ҷиддӣ идома дода шавад». Ҷорӣ гардидани Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, бешубҳа, оғози давраи нав дар рушди низоми миллии андоз буда, барои таъмини содагӣ, фаҳмоӣ ва возеҳӣ, аз байн бурдани андозҳои бесамар, сода гардонидани механизми пардохти андозҳо аз ҷониби андозсупорандагон ва баланд бардоштани суръати ҷамъоварии андоз мусоидат мекард.
Бо мақсади иҷрои супориши Сардори давлат, маъмурикунонии андоз дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав (1 январи соли 2013) сода, ҳаҷми умумии матни он ва меъёрҳои аз як модда ба моддаи дигар ва ба дигар санадҳои ҳуқуқӣ ҳаволакунанда (нисбат ба Кодекси андози пештара), ҳаддалимкон кам шуд. Шумораи умумии моддаҳо аз 359 то 329 адад кам шуд; шумораи истинодҳо аз 384 то 176 адад кам шуд; андоз аз фурӯши чакана ва андози ҳадди ақал аз даромадҳо, аз қонунгузории андоз тамоман хориҷ гардид; шумораи эъломияҳои андоз то 41 фоиз, шумораи ҳисоботи андозӣ то 86 фоиз ва шумораи умумии пардохтҳои андозӣ то 43 фоиз кам гардид.
Бамаврид аст зикр кунем, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав бо фарқият аз Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то санаи 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дошт, дорои як қатор навовариҳо мебошад. Аз ҷумла, дар Кодекси андози амалкунанда нисбат ба Кодекси андози солҳои 2005-2012, шумораи андозҳо камтар шуд, яъне 10 намуди андоз муқаррар шудааст, ки 8-тои он ҷумҳуриявӣ ва 2-то он андозҳои маҳаллианд. Инчунин, Кодекси амалкунандаи андоз намудҳои андозҳоро ба таври даққиқ ва мушаххас муқаррар намуд, ки ин ба сифати яке аз дастовардҳои Кодекси андоз эътироф мешавад.
Дар фасли 16 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон низомҳои махсуси андозбандӣ муқаррар шудаанд, ки тибқи он категорияҳои алоҳидаи андозсупорандагон уҳдадоранд баъзе андозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллиро тибқи тартиби содакардашуда супоранд. Дар фасли 17 Кодекси андози амалкунанда, низомҳои имтиёзноки андозбандӣ муқаррар шудаанд, ки барои сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт додани имтиёзҳои андозии иловагиро пешбинӣ менамоянд.
Умуман, дар доираи Кодекси нави андоз, барои пешрафти соҳибкории хурду миёна беш аз 240 номгӯйи имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардидаанд. Татбиқи пешниҳодҳои Президенти кишвар муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷорӣ намудани имтиёзҳои андозии иловагӣ дар таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, пеш аз ҳама, рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорон, ҷалби сармоя ва воридоти технологияҳои пешрафта ва дар ин замина ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ, мусоидат менамояд.
Мусоҳиб
Неъматулло ЗОИРЗОДА