хам набуд,
ки рузе ба Ту ошик мешавам.
Омаданашро бесаброна
интизори мекашидам, ба як
нигохи чашмони зебояш зор мегардам. У бехабар аз ишки
Ман буд. Охир У, дигар касро
дуст медорад. Ох, чи
дахшатангез аст ишки
бечавоб! Ситораи Ман, танхо
Ту медони дарди гамии маро, танхо ба Ту рози дил мегуям.
Ба Ту хасад мебарам, ки дар
осмони софи Илохи ба суи У
нурафшони менамои. Кош
маро дар бари худ чо дихи.
Танхо ба хотири дидани руи У. Хар он кассе, ки дар насибу
такдири Ман бошад, танхо бо
ёди Ту уро Ман дар бар
мегирам. Бо ёди Ту зиндаги
мекунам, ки шояд рузе туро
мебинаму ба чашмони мехрубону ба каду комати
воло, ба абрувони сиёхат
назар намуда, хомушона аз
наздат мегузарам. Бо дили
реш решу хунчаконаи худ.
Мехохам аз Ишки нобарори бечавоби худ фаромуш кунам.
Мехохам он чое бошам, ки
танхо хандаю шодди бошад.
Мехохам ин дунёи фониро
тарк гуям бо хама гаму, дарду,
хандаву шодиаш. Лек афсус на дил фармони Ман асту, на
такдири Ман. Хамеша
интизори шохзодаи хаёли худ
будам. Гумон мекардам, ки
рузе меояду мегуяд «Дустат
медорам». Чун ба худ меоям мефахмам, ки орзухои Ман аз
хобу хаёл беш нест. Ба хама
сузу гудози Ту, ба хама дарду
гамии Ту ва худ шукр мегуям.
Бо ин дили ранчури худ шукр
мегуям, ба даргохи Худованд, гарчи ошики танхоям, ба Ту
хушбахти мехохам, ёри
бевафои Ман! Шаб, ру ба суи
осмони пурситора намудам.
Хаёлам гуё онхо ба роз
мегуфтанд. Дили танхоямро тасалли медоданд ва бо
забони холл мегуфтанд: «
Бархез калам ба даст гиру бо
гамхои калби танхоят когази
сафедро сиёх кун. Аз талхиву
ширинии Ишк, аз бевафоии ер, аз он ишке, ки пок буду
имруз зери пои ёри бевафо
поймол гаштааст. Бинавис! ».
Маро чи хочате буд, аз чой
бархезонд. Суи миз равон
шудаму калам ба даст гирифтам. Худ намедонам, ки
он чи куввае буд. Магар
кувваи Ишк бошад? Дар ин
лахзахо калам ба даст
гирифта, аз калби пурсуз руи
когаз шикоят мекунам. Боз суи осмон назар афкандам.
Субх медамид, субхи танхои!
Аз кадом гушаи дури куча
фарёди мурги сахархез аз
дамидани субхи чудои хабар
медод. Субхгохон ба ёдам меояд, ки Ту бо дилдодаи
нави худу, Ман дар гушае
танхою танхо, бо шеваи чугзи
белонае. Ту хурсандиву Ман,
гамгин. Субхдам зи дарёи
андешахо берун мебароем ва шукронаи онро дорам, ки
танхо нестам – дарду хичрони
Ту бо Ман аст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев