Яке аз ин одоб, чигунагии муошират бо падару модар аст. Шахсе омад назди Паёмбар(с) ва пурсид: Мешавад ба мо бигӯед падару модар шаъну мқомашон чист? Паёмбар(с) фармуданд: Падару модар биҳишти ту ҳастанд ва падару модар ҷаҳаннами ту ҳастанд, ҳам метавонанд биҳишт рафтани туро фароҳам кунанд ҳам метавонанд ҷаҳаннам рафтани туро фароҳам кунанд.
Имом Содиқ (а) дар ин бора мефармоянд: Рӯзи қиёмат пардае аз пардаҳои биҳишт канор меравад ва ҳар соҳиби рӯҳе бӯи биҳиштро (ҳатто) бо 500 сол фосила истишмом мекунад. Магар як гурӯҳ. Пурсидам онҳо кистанд? Фармуд: Озордиҳандагони падару модар.
Дар баёни дигар дорем, ки Расули Худо (с) фармуд: «Нисбат ба модар ва падар, некӯкор боши, ҷойгоҳат биҳишт аст ва агар ҷафокор шудӣ бо ҷаҳаннам бисоз»
Шахсе ба Имом Содиқ (а) гуфт: “Падарам ба ҳадде пир ва нотавон шуда, ки ӯро барои қазои ҳоҷат, бағал мекунам ва мебарам. Имом Содиқ (а) фармуд: Агар қудрат дорӣ, худат ин корро анҷом бидеҳ ва худат бар даҳони ӯ ғизо бигузор то ин амал, сипари оташ фардоят бошад [ва туро ба биҳишт бибарад].[1]
Ин баёнот ҳамагӣ нишонгари ҷойгоҳи боазамати падару модар аст, ки дар ин бора низ Қуръони Карим, сухани бисёр фармудаанд. Аҳамияти ин эҳтиром ва бузургдошти мақоми ин азизон замоне ошкортар мешавад, ки дар оёти Қуръон эҳтиром ва таваҷҷуҳ ба ин азизон он ҳам ба таври куллӣ, (яъне баён накарда, ки ҳатман падару модар мусулмон бошанд ё вежагии хосси дигаре дошта бошанд) дар канори яке аз усули эътиқодӣ яъне тавҳид қарор гирифтааст:
“Парвардигорат фармон дода ҷуз ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед, ҳар гоҳ яке аз онҳо -ё ҳар дуи онҳо- назди ту, ба сини пирӣ бирасанд камтарин иҳонате ба онҳо раво мадор, ва бар онҳо фарёд мазан , ва гуфтори латиф ва санҷидаи бузургаворона ба онҳо бигӯ”.[2]
Натиҷаи ин таваҷҷуҳ ва эҳтиром ба ин азизонро Худованд дар ояти баъд дар сураи Исроъ, ғуфрон ва бахшиши Худованд, ки аз заминаҳои вуруд ба биҳишти барин аст хабар медиҳад: “Худо ба ончи дар дилҳои шумо аст аз худи шумо огоҳтар аст агар ҳамоно дар дил андешаи салоҳ доред Худо ҳаркиро, ки бо нияти пок ба даргоҳи ӯ тазаррӯъ ва тавба кунад албатта хоҳад бахшид”.[3]
Осори беҳурматӣ ба падару модар
Қуръони Карим яке аз мавзӯоте, ки заминасози ҷаҳаннамӣ шудани инсонҳо ва азоби илоҳиро дар қолаби достоне, ин гуна муаррифӣ мекунад;
“Ва он, ки ба падар ва модари худ гӯфт: Уф бар шумо! Оё ба ман ваъдаи медиҳед, ки [аз қабр] берун оварда мешавам ва ҳол он, ки пеш аз ман наслҳо гузаштанд [ва барнахостанд] ва он ду ба [дар гоҳ] Худо зорӣ мекунанд, ки : Вой бар ту! Имон биёвар, ваъдаи Худо ҳақ аст ва ӯ посух медиҳад: Инҳо ҷуз афсонаҳои гузаштагон нест.”[4]
Аз ин оят маълум мешавад ин фарзанд ба падару модар беэҳтиромӣ карда ва ба ҳарфи падару модар гӯш надода балки ҳатто онҳоро масхара ҳам кардааст саранҷом кори чунин афродеро равшан мекунад ва мефармояд: Онҳо касоне ҳастанд, ки азоби илоҳӣ дар бораи онҳо ҳатмӣ аст ва ҳамроҳ бо ақвоми кофир аз ҷину инс, ки қаблан аз онҳо буда гирифтори муҷозоти дарднок мешаванд ва аҳли дӯзаханд.[5] (Макорм Шерозӣ, тафсир намуна, ҷ21, с337)
Каломи охир
Агар бихоҳем сухани Паёмбари Акрам(с)-ро дар ибтидои баҳс бо каломи ваҳй мутобиқат диҳем ин гуна аст, ки онҷо, ки ҳазрат мефармоянд: Падару модар биҳишти ту ҳастанд; Яъне метавонанд биҳишт рафтани туро фароҳам кунанд. Худованд дар сураи Исроъ баъд аз онки дастур медиҳад, ки нисбат ба падару модар некӣ ва эҳтиром ва хузуъ дошта бошед мефармояд:
“Парвардигоратон беҳтар медонад, ки дар замири шумо чист. Агар аҳли салоҳ бошед, қатъан ӯ омурзандаи тавбакорон аст.”[6] Татбиқи ин каломи ҳазрат, ки мефармоянд: Ва падару модар ҷаҳаннами ту ҳастанд; Яъне метавонанд ҷаҳаннам рафтани туро фароҳам кунанд. Дар ояти 17 ва 18-ҳи сураи Аҳқоф равшан мекунад, ки беэҳтиромӣ ва бетаваҷҷуҳӣ ба ин азизон натиҷае ҷуз азоби илоҳӣ надорад;
“Ва он, ки ба падар ва модари худ гуфт: Уф бар шумо! Оё ба ман ваъдаи медиҳед, ки [аз қабр] берун оварда мешавам ва ҳол он, ки пеш аз ман наслҳо гузаштанд [ва барнахостанд] ва он ду ба [дар гоҳ] Худо зорӣ мекунанд, ки : Вой бар ту! Имон биёвар, ваъдаи Худо ҳақ аст ва ӯ посух медиҳад: Инҳо ҷуз афсонаҳои гузаштагон нест.
Онон касонеанд, ки ваъдаи азоб бар онҳо дар [зумраи] гурӯҳое аз ҷин ва инс, ки пеш аз онҳо бигузаштанд, ҳатмӣ шуд, ки бешак онҳо зиёнкор буданд.”[7]
[1] . Усули кофӣ, ҷ 2, с 162.
[2] . сураи Исроъ, ояти.23
[3] . сураи Исроъ 25
[4] . сураи Аҳқоф, ояти 17
[5] . сураи Аҳқоф, ояти 18
[6] . сураи Исроъ, ояти.25
[7] . сураи Аҳқоф, ояти 17 ва 18, тафсири Намуна https://www.khonavoda.com/?p=2603
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев