ба хаячон меовард.
Хандаи софи самимонаат губор аз
дилам мерахонд. Вакте сухан
меронди, гумон мекардам, ки
мусикии форамеро шунида истода бошам. Ман аз зумраи мусаввирони
ноухдабароям, вагарна симои туро
аник тасвир менамудам. Вале
накши туро дар дил кашидаам, ки
хеч гох гум нахохад шуд ва доими
накш ёфтааст. Эй ишк! Мухаббат чи кадар ширин аст! Вале он хам
монанди зиндаги дар шарбати худ
талхкомихо дорад. Ман ба завраки
ишк савор шудаму он чо туро
хамсафар дарёфтам. Гумон доштам,
ки хардуямон то абад дар бахри беканори зиндаги шино мекунем.
Бале, аввалхо ба ин бовари
доштам, зеро ту лутфу эхсони
худро аз ман дарег намедошти. Дар
чавоби ин хама ман гуё мадхуш
мегаштаму тамоми асрори дили худро ба ту во менамудам,
мехнатро дар катори хиссиётхои
наздиктарини худ чой медодам.
Вале афсус, хазорон афсус...ман бо
ин хама чахди худ ба дили ту рох
ёфта натавонистам. Ба хама дардхои токатшикан тайёрам.
Аммо дарди хичрон бароям
вазнини мекунад. Чораи дигар хам
надорам. Рохи ягона барои мо
чудои будааст, вагарна ба кавли ту
ба хамдигар нишон мешудем. Ман бошам, намехохам, ки кулфи дили
ту гардам. Ёд дорам, вакте ки
охирин бор ман мухаббати худро
изхор кардам, ту охи вазнине
кашидию хомуш монди. Дар ин
дакикахо ман туро чун гули садбарге, ки якбора аз шукуфтан
бозистода бошад, тасаввур
мекардам. Не азизам, гул набояд бо
айби касе пажмурда гардад. Ту хам
дархол ноумед машав. Агар дар
сафари аввалини худ дар завраки ишк бо хамсафари дилхохат дучор
нашуда боши, пас гумон макун, ки
бо хамин китоби мухаббатро хонда
тамом кардаи. Азизам, рохи ишк
дуру дароз, сермаъни ва рохи азим
аст. Ба ту рохи неки мечуям. Дар душвортарин лахзахои хаётат
маро сурог кун. Ин дил, ки ба
нидоят одат кардааст, ман хамеша
хамовозат хохад шуд, ох ишки
чигархуни ман...АГАР ОШИК ШУДИ
ОШИК РАВО ШАВ,БУБАСТИ АХДУ ПАЙМОН БОВАФО ШАВ.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1