Ин сура ҷиҳати матн кӯтоҳтарин аст ва ҳамагӣ аз даҳ калима ташкил ёфтааст. Ояти якумаш ҳам аз даҳ ҳарф ташкил ёфтааст, ояти дувумаш ҳам, сеюмаш ҳам аз даҳ ҳарф навишта шудааст. Дар сураи Кавсар аз ҳама зиёдтар ҳарфи алиф такрор шудааст, ки он ҳам даҳ маротиба аст. Баъзе ҳарфҳо ҳамагӣ як маротиба омадаанд, масалан ъайн, итқе, ё, с-и мусаллас, сод, бо, ҳ-и ҳуттӣ, ҳ-и ҳавваз, шин ва то. Шумори ҳарфҳои якборӣ омада ҳам даҳто аст. Ҳар се ояти сураи Кавсар бо ҳарфи ро тамом шудаанд, ки худи ро низ дар алифбои арабӣ ҳарфи даҳҳум аст. Ҳамаи сураҳое, ки дар қуръон бо ҳарфи ро ба охир расидаанд, низ даҳ адад мебошанд, ки сураи Кавсар даҳуми онҳо мебошад.
Асрори рақами даҳ дар сураи Кавсар дар чӣ бошад?
Рақами даҳи дар он буда - рӯзи даҳҳуми моҳи зулҳиҷҷа аст, ки Ҳудованд дар ҳамин сура дар ояти дуюм ишорат кардааст: “ Пас барои Рабби худ намоз гузор ва қурбонӣ кун.”(Дар васфи Муҳаммад (с.а.в) )
Набошад ҳусни ту ҳуру париро,
На саъду ноҳиду не муштариро.
Басо соҳибҷамолон хок гаштанд,
Надида чун ту расми дилбариро.
Куҷо шуд чеҳраи зебои Ширин,
Ки омӯзад зи ту шаҳдофариро.
Ку Хусрав, то бубинад ҳусни хубат,
Зи шоҳӣ, пеша созад чокариро.
Ба шоҳон гарчӣ доданд мулку шоҳӣ,
Туро доданд мақоми сарвариро.
Фарози қомататро барнамуданд,
Барафкандӣ бутони озариро.
Ба он ганҷинае, ки нозилат шуд,
Мукаммал шуд каломи Довариро.*
Камолоти суханро бар ту доданд,
Зи Одам то ба хатми одамиро.*
Забон оҷиз бувад аз тавсифи ту,
Агар чанде кунам байтофариро.
Саногӯи ту ҳастам чун Муродӣ,
Ба изни Ҳақ, ки бо туст ёвариро.
МУРОДИИ ХАТЛОНӢ.2.04.2018.
-
*Ба он ганҷинае, (Қуръон) ки Аллоҳ таъоло бароят нозил кард, дин ва қонуни Илоҳӣ мукаммал шуд.
*Камолоти суханро бар ту доданд - яъне Қуръон мукаммалтарин китобест, ки ба Муҳаммад (с.а.в) нозил шуд, аз Одам (а) то охирин насли одамӣ.***** ДАР ВАСФИ МУҲАММАД (С)*****
Муқаддам нури покат ҳам мунаввар,
Нагун бошад зи ҳуснат моҳу ховар.
Ҷаҳон бе ёди рӯят тираву тор,
Надорад оразатро ҷумла ахтар.
Ба Юсуф дил бидода Мисру Канъон,
Ба ҳусни ту ҳама олам саросар.
Туро хуш накҳате, ки дод он Зот,
Бисозад ҳарду оламро муаттар.
Ба хубӣ бигзарӣ аз ҳуру ғилмон,
Ба хулқат ҷумларо кардӣ мусаххар.
Мақоми "Маҳмудӣ "хоси ту бошад,
Ки бар ҷамъи накӯён бошӣ сарвар.
Набийе баъди ту н-ояд, ки ҳасти
Камолоти нубувватро муаххар.
Ба ҳуснат рашк бурда душманонат
Бигаштанд хору берӯву муҷаддар*.
Чӣ зебо халқ кардат он Мусаввир,
Ки рассоме надорад ин мусаввар.
Дуруд гӯяд Муродӣ аз бароят,
Ба олу ҳам ба асҳобат саросар.
(МУРОДИИ ХАТЛОНӢ).8.08.2017.
муҷаддар*- касалие,ки бар рӯяш обилаҳост.То ба кай сӯзи маро , эй оламафрӯз офтоб?
Аз фироқат мекашам то чанд озору азоб?
Рӯзу шаб якранг шуд дар дидаам бе ту маро,
Не кунун рӯзам хушасту не шабамро ҳаст хоб.
Кай бидонад он,ки ӯ дар дил надорад сӯзи ишқ ,
Чист дарди ҷони ошиқ, чист сӯзе чун алоб.
Ҷумла ранҷе ки кашидам аз фироқу дурият,
Ҷамъ кардам дона-дона, гашт охир як китоб.
Эй биё, бе васфи ишқат хушку холист шеъри ман,
Чунки бе ҳусни рухат дорад на рангу обу тоб.
То ба кай дури биҷӯи ,эй парии шамсруй?
Аз лабонат кай бинӯшем қатрае чун нӯши ноб?
Меравад вақту, чавониҳам равад думболи ӯ,
Пас биё, ки умри мо ҳам чун қадам дорад ҳисоб.
Мисрае аз Кавкабӣ гӯяд Муродӣ, гӯш кун!
" Риштаи рангини рӯҳи мову ту аз як таноб "
(МУРОДИИ ХАТЛОНӢ) 2002. С
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2
Иноаътайно кал кавсар фасалили рабика ванхар ина шони.ака хувал абтар.
Худое ноумед нагордон Моро омин омин