Магар ишку мухаббат? Ё молу мулк? Дилам гуш карду чавоб дод: Мехри Модар мехохам! Аз чашмонам пурсон шудам: Эй чашм ту чи мехохи? Оё нигохи ошикона мехохи? Ё ин хаёти рангину гувороро? Чашмам аз ашк пур шуду гуфт: Нигохи гарму нуронии Модарро мехохам! Аз китфонам пурсидам: Устухони сахт дорию чаро куввати зиёд надори ? Магар метарси? Китфонам чавоб дод: Охир ман дастони Модарро дар китфонам надидам! Аз ду дастонам пурсон шудам: Ту мехохи дасти дустдоштаамро капида истирохат куни? Ё мехохи ки пулхои зиёдро ба даст ори? Дастонам аз кор монду дар чавоб гуфт: Ман мехохам дастони Модарро гирифта ба сайру гашт бароям! Аз гушхоям пурсидам: Ба ту мефорад сурудхои нав ба нав? Мефорад ки дустдоштаам туро чон- чон гуяд? Гушхоям гуфтанд: Ба ман танхо насихатхои Модар мефорад! Худовандо, тамоми хиссиётам Модар мехохад. Мадарамро баргардон то ки гушхоям насихаташро шунавад, ба дилам мехрашро бахшад, чашмонам чехраи кушодашро бинад, Бо ду дастонам гирифта рафтем Писарам ба сайругашт гуяд, ин чи хушбахтист лек ман дер кардам. Модарчон маро дигар токати зиндаги кардан нест. Дар ин дунё аз хама одами азизтарин шохсутуни хонаамро гум кардаам. Модар ту маро мешунави? Чаро овозат хомуш? Чаро барои зорию нолахоям чавоб намедихи? Наход мани танхо аз ту мондам? Шояд аз ман сахт дилмонда шуди? Наход туро ман бо чашми сер надида бошам, акси туро дида мегиряму аммо ту боши хандида хандида меисти. Охх зиндаги бар мани танхо инкадар сахт омади? Дигарон давлату молу мулк доранду хушбахт хастанд, аммо ба ман, на давлату на молу мулк даркор нест, вакте туро надорам Модар чон !!!! --------------------------------------------- Модар фаришта буд фақат болу пар надошт ,
Шояд, ки дошт болу пар, аммо хабар надошт.
Ё дошт огаҳӣ зи пару боли хеш, лек, Майли ҷудо шудан зи ману аз Падар надошт...
Дар кӯдакӣ ба модари худ хостам барам,
Як ҳадя, лек ҷайби ман он лаҳза зар надошт.
Зар ёфтам ба гоҳи ҷавониву он замон, Ҷуз ишқи ёр сина ҳавои дигар надошт, Вақте ба ёди ҳадя фитодам, ки Модарам,
Рӯи лабаш ба ғайри "видоъ эй писар" надошт...
Модар фаришта буд, пари худ кушода рафт,
Азбас илоҷ пеши қазову қадар надошт.
Модар фаришта буд, дақиқан фаришта буд,
Ҳатто ба дӯш болу паре ҳам агар надошт. ---------------------------------------------
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 15
Сузани ту аз сутуни касри тилло кимат аст,
Руи нуронии ту аз руи дунё кимат аст,
Бе ту хуш фоле намонад дар чахон,
Чои ту холи намонад дар чахон.
ба мехру мухру паймони ту мирам.
зи олам меравам боз кун ду дастат.
ки ман болои дастони ту мирам.
модарону падарон доимо зинба бошед худо гуем нагардад як му аз сари шумо кам. худо нигахбонатон бод доим.
қабраш гиристанҳо чӣ
суд,
Аз қафои тобуташ сад дод
гуфтанҳо чӣ суд.
Ҳолате,ки зинда буд қадраш
накардӣ
нохалаф,
Санги бе ҷон дар сари гӯраш
гузоштанҳо чӣ суд.
Солу моҳҳо хоб буд бемор
нарафти диданаш,
Ин замон болои хокаш по
ниҳоданҳо чӣ суд.
Хост боре то бубини қомати
хамгаштааш,
Рӯ ба сӯи хонааш акнун
давиданҳо чӣ суд.
Севу ҳафту чилу солаш ин ҳама
беҳуда аст, Мисли каргас рӯи
хонаш ин париданҳо чӣ суд.
Даст ба сӯи он Худо бардору
умре зора кун,
Тавба дар даргоҳи ӯст аз ину аз
онҳо чӣ суд.
Ту яқин дон қарзи фарзанд ин
дифоъи
волидайн,
В-арна аз ин будани мову ту
дар дунё чӣ суд.
Надонам кай дигар назди ту оям.
Бидонам ҳасрату дарди ҷудои,
Бигу ё Раб, бикун раҳме бароям.
-- -- --
Бисёре аз модарон ва падарон одат доранд, ки вақте хатогии фарзандашонро диданд алайҳи ӯ дуъои бад мекунанд.
Агар раҳмати Аллоҳ намебуд ва Аллоҳ ҳар дуъои бади моро қабул мекард, қатъан бисёрии мо ҳоло аз неъмати фарзанд маҳрум мешудем.
Расули Акрам (ﷺ) фармудаанд: «Бар худ дуъои бад накунед ва бар фарзандонатон дуъои бад накунед ва бар молҳои худ дуъои бад накунед, (зеро дар шабонруз соате ҳаст дар он дуъо иҷобат мешавад) мабодо дуоъои шумо бо вақти иҷобат ҳамзамон шавад ва онгоҳ дуъои бадатон қабул карда шавад» [Ривояти Муслим:3014]
Ҳамеша худатонро ба дуъои хайр одат диҳед, ҳатто дар ҳолати асабоният ҳам ҳаргиз алайҳи худ ва фарзандон дуъои бад накунед.
-----------
Ва агар ҷисмҳои кудаконамон монанди куза қобили шикастан ҳастанд, бояд бо дидани хатоҳояшон сабри худро аз даст надиҳем ва онҳоро назанем ва бар онҳо дуъои бад накунем.
(Аҳкомиддини Илоҳомиддинзода)