Кудаки яҳудие буд, ки падараш ҳам яҳудӣ буд. Падари ин кудак, ҳар саҳар китоби Таврот-ро мехонд ва дар китоби Таврот, номи Муҳаммад (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) навишта шуда буд. Ҳар гоҳе, ки кудак аз хондани падараш номи Муҳаммад (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)-ро мешунид ва мегуфт: Падарҷон, ин номи Муҳаммаде, ки шумо хондед, аҷаб номи зебое мебошад ва аз ин ном, буйи хубе меояд. Падараш бошад, ин кудакро сарзаниш мекард ва мегуфт: Ин ном, номи хуб нест. Рузи дуввум ҳам падари ин кудак, китоби Тавротро хонд, боз ин кудак аз хондани падараш номи Муҳаммад (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)-ро шунид ва гуфт: Падарҷон, ин номи Муҳаммад, чи гуна ном аст, ки ман ошиқаш шудаам? Ин ном дар назарам аҷаб ширин менамояд. Падараш бошад, номи Муҳаммад (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)-ро аз китоби Таврот хат зада тоза кард ва кудакашро зада аз хона берун кард. Кудаке, ки дар дилаш меҳру муҳаббати Муҳаммад (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) ҷой гирифта буд, аз хонаашон баромада, ба шаҳрҳои гуногун барои ҷустуҷуи Муҳаммад (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) рафт. Дар як шаҳре расид ва бо як гуруҳ мардони тоҷир шиносоӣ пайдо кард ва гуфт: Ман як шахсеро бо номи Муҳаммад мекобам, оё ин мард дар шаҳри шумо зиндагӣ мекунад? Он гуруҳи мардон гуфтанд: Не, Муҳаммад (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) дар шаҳри мо зиндагӣ намекунад, балки дар як шаҳри бо номи Мадина зиндагӣ мекунад. Он мардон гуфтанд: Эй писарҷон, биё ҳамроҳи мо хуроку нон мехурем, саҳар, ки шуд, мо туро ба шаҳри Мадина, ба назди Муҳаммад (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) бурда мерасонем. Кудак гуфт: Қасам ба Худо, то Муҳаммадро набинам, чизе намехурам, ҳатто қатраи обро ба даҳонам намебарам. Хулоса, он гуруҳи мардон, ин кудакро ба шаҳри Мадина бурданд. Вақте, ки кудак дар шаҳри Мадина даромад, мардуми бисёреро дид, ки суҳбат доранд. Дар байни он мардум, ҳазрати Абубакр, Умар ва Алӣ (Р.а.) низ буданд. Аммо ин кудак касеро намешинохт. Ин кудак давида, гардани ҳазрати Алӣ (Р.а.)-ро оғуш гирифта бусса кард ва гуфт: Эй Муҳаммад, ҷонам фидоят. Ҳазрати Алӣ (Р.а.) гуфт: Эй писарҷон, ман Муҳаммад нестам, балки ман Алӣ ҳастам. Пас он кудак давида ҳазрати Умар (Р.а.)-ро Муҳаммад гуфта, ба оғуш гирифт бусса кард, аммо Умар (Р.а.) гуфт: Эй писарҷон, ман Умар ҳастам. Ин кудак бо гиряҳои зиёд ба суйи ҳазрати Абубакр (Р.а.) давид ва уро низ бусса карда, ба оғуш гирифт, Муҳаммад гуфта гиря кард. Аммо афсус, ки Паёмбар Муҳаммад (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) дар қайди ҳаёт набуданд ва аз вафоти Он Ҳазрат (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам), се руз гузашта буд. Аммо кудаки ошиқ аз ин хабар надошт ва намедонист. Саҳобаҳо (Р.а.) ҳама ҳайрон шуданд, ки мо ба ин кудак чи гуна хабар диҳем, ки Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) аз олам гузаштааст? Ҳазрати Алӣ (Р.а.) гуфт: Хабараш надиҳед, ғамгин мешавад ва аз фироқи Он Ҳазрат (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) месузад. Ва фармуд: Рафта Ҳасан ва Ҳусейнро ба назди ин кудак биёред, шояд бо он кудакон бозӣ кунад ва ғамаш аз дилаш берун шавад. Вақте, ки Ҳасан ва Ҳусейнро оварданд ва бо ин кудак бозӣ карданд. Ҳасан ва Ҳусейн аз ин кудак пурсиданд: Ту ки ҳастӣ ва киро мекобӣ? Он кудак гуфт: Ман ошиқи Муҳаммад ҳастам ва мехоҳам уро бубинам. Ҳасан ва Ҳусейн, ки кудакони хурд буданд, дарҳол ба ин кудаки ошиқ гуфтанд: Эй кудак, он Муҳаммаде, ки ту мекобӣ, бобои мо мебошад. Се руз мешавад, ки бобои мо аз олам гузаштааст. Вақте, ки кудаки ошиқ ин суханро.шунид, бе ниҳоят гиряи сахт кард ва нолаву фиғонаш баланд шуд. Дере нагузашта буд, ки кудаки ошиқ аз дарду ғам ва аз ишқи Паёмбар Муҳаммад (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) аз олам гузашт.... ..Мухабати ин кудакро, бинед бародарони азиз .... Барои ризагии АЛЛОХ на кам аз 10 маротиба салавот бигуйем касе аз 10 маротиба зийод гуяад аломати + гузорад то бифахмем чи кадар дуст медорем Паёомбарамонро.....АЛЛОХУМА САЛИ ЪАЛО МУХАММАДИН ВА ЪАЛО ОЛИ МУХАММАД КАМО САЛЛАЙТА ЪАЛО ИБРОХИМА ВА ЪАЛО ОЛИ ИБРОХИМ' ИННАКА ХАМИДУМ-МАЧИД.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев