Савол: ассалому алайкум бобои хочи.
илтимос ба як саволи мо рушани андозед. дар
интернет хар хел мактубхо бисьер шуда истодаанд. ба
монанди ин мактуб ки дар поен сабт гаштааст. фикри
шумо дар бораи хамин хел мактубхо. оё ба хар
мусалмон фиристодан шарт аст е на.илтимос мактубро
хонед ва акидаи худро нависед.бо эхтиором мухлиси
шумо. мактуб аз арабистони сауди ассалому алайкум
бародарон ва хоҳарони мусалмон. ин мактубро барои
шумоён мусалмонони тамоми дунё аз арабистони
сауди аз номи масчиди ҳазрати муҳаммад ( с.а.в)
пайғамбари бузург ва расули барҳак ва имом хатиби
ҳамин масчид шайх аҳмад. баъд аз амри хондани
қуръони карим рузи чумъа вақти хобаш шайх аҳмад
ҳазрати муҳаммад ( с.а.в ) ро дид ва он ҳазрат чунин
гуфтаанд: эй шайх аҳмад рузи чумъа 600 нафар вафот
кардаанд ва ягон нафари онҳо ба биҳишт дохил
нашудаанд ва сабаб он аст, ки занон мардони
( шавҳарҳои худро ) гуш намекунанд. мусалмонони
доранда (бой) дигар камбизоатон, камбағалон,
сағерагон ва азимон ёрдам намекунанд........ ассалому
алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. худи мактуб
ҳоло дар шаҳри ливерпули англия мебошад, бо
гирифтани мактуб ба шумо хушбахти меояд. хон ва
20 одами дигаро таксим кун Саволкунанда: мусофир
Ҷавоб: Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ. Бародари
исломи ин суханҳо ҳеҷ асос надоранд ва шариъати
ислом аҳкомашро аз хоб намегирад. Аз ин сабаб ин
ҳодиса ҷуз хурофоте беш нест. Насиҳати ман ба шумо
инаст, ки ба чунин хурофотҳо бовар накунед. Зеро
шариъати исломи комил аст ва Қурьону суннат бо
фаҳми олимон барои мо муҳаё аст. Хулоса ин мактуб
асос надорад бофта шуда аст. Худо нигаҳбонатон
бошад. Ҷавобдиҳанда: Эшони Нуриддинҷон
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1
Савол.? Агар хун як чакра хам бошад хорич шавад рузаат мешиканад ?.Баьд аз намози бомдод бе узр боз хоб рафтан мумкин аст е не.?