Мы используем cookie-файлы, чтобы улучшить сервисы для вас. Если ваш возраст менее 13 лет, настроить cookie-файлы должен ваш законный представитель. Больше информации
Тоҷикфилм - Агар дӯст дорӣ / Лаҳзаи туй бо суруди Ҷӯрабек Муродов - Дилбараки шӯхи ситамгор
0 комментариев
30 классов
Ту, эй гаҳвораю тобути ишқи ман!
Дар оғӯши ту гарчи зиндагиям нест,
Дар оғӯши ту мехоҳам бимирам.
Дар оғӯше, ки холӣ аз ман асту пур зи армонҳо,
Дар оғӯше, ки холӣ аз ман асту пур зи ҳирмонҳо,
Дар оғӯше, ки атри шеъри тар дорад,
Дар оғӯше, ки дидори саҳар дорад.
Дар оғӯши ту мехоҳам бимирам,
Дар оғӯше, ки дар навмедиям уммедҳое ҳаст.
Дар оғӯше, ки андар рӯзҳои тираи умрам
Бароям нав ба нав хуршедҳое ҳаст.
Дар оғӯши ту мехоҳам бимирам,
Дар оғӯше, ки мебошад ҳаволатгоҳи рӯҳи ман.
Дар оғӯше, ки маҳрумам,
Дар оғӯше, ки мебошад ҳаловатгоҳи рӯҳи ман.
Ту, эй гаҳвораю тобути шеъри ман,
Дар оғӯши ту гарчи зиндагиям нест,
Дар оғӯши ту мехоҳам бимирам,
Дар оғӯше, ки қадрашро надонистам,
Дар оғӯше, ки меҳрашро наварзидам,
Дар оғӯше, ки боре ҳам наарзидам...
𝕄𝕒𝕛𝕟𝕦𝕟𝕚 𝕕𝕚𝕝𝕤𝕙𝕚𝕜𝕒𝕤𝕥𝕒
0 комментариев
3 класса
Дар фикри онам, ки рамазон меояд ва бояд чизе нахурам, ки убол аст. Аммо чи гуна метавон гами дурии туро нахурд...
Агар бо гами ман ту хушбахтиатро бини, ман то охири умрам гам мехурам, то ту хушбахт боши...