🔸 Матни пурсиш:
Чанд суъол дорам:
Суъоли аввал: Оё имом Маҳдӣ алайҳи салом рушди ҷисмонӣ доранд ё ба қудрати Худованди мутаъол ҳамеша ҷавон ҳастанд?
Суъоли дуввум: Оё имом Маҳдӣ алайҳи салом издивоҷ кардаанд ва фарзанде доранд ё на?
Суъоли севум: Яке аз уламои шиъа дар Эрон гуфтааст ки имом Маҳдӣ алайҳи салом бо духтарӣ Эронӣ дар Теҳрон издивоҷ кардааст. Назари шумо дар бораи ин гуфтаи ӯ чист?
Ташаккур аз заҳамоти гаронқадри шумо. Ба умеди муваффақияти шумо.
🔸 Матни посух:
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ кунед:
1 . Имом Маҳдӣ алайҳи салом бино бар қоъидаи ﴾إِنَّمَا أَنَا بَشَرٌ مِثْلُكُمْ﴿[п/1] аз ҳайси ҷисмонӣ башаре монанди сойири мардум аст ва табъан маърузи аворизи табиъӣ воқеъ мешавад; Ҳамон тавр ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва Паёмбарони пеш аз ӯ маърузи ин авориз воқеъ мешуданд, то ҷойе ки ҳамсари Иброҳим алайҳи салом гуфт: ﴾يَا وَيْلَتَى أَأَلِدُ وَأَنَا عَجُوزٌ وَهَذَا بَعْلِي شَيْخًا ۖ إِنَّ هَذَا لَشَيْءٌ عَجِيبٌ﴿[п/2]; «Эй вой бар ман! Оё фарзанд оварам дар ҳоле ки пиразане ҳастам ва ин шавҳарам пирамарде аст?! Ин бегумон чизи аҷибе аст» Ва бародарони Юсуф алайҳи салом гуфтанд: ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/4062/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев