Дар замони муосир ба ҳама кас
маълум аст, ки арақнӯшӣ ҳам ба
саломатӣ, ҳам ба ҷайб ва ҳам ба рӯҳи
инсон зарари ҷиддӣ медиҳад.
Таърихи манъи хамр дар Ислом
Қабл аз Ислом, арақнӯши хело ҳам
машҳур буд ва чун одате шуда буд,
ҳамин гуна, ки дар ҳоли ҳозир дар
аксари кишварҳо ҷараён дорад. Дар
Ватани азизи мо ҳам, дар баъзе
маконҳо ва атрофи ҷавонҳо одати
арақнӯшӣ ривоҷ аст. Ҳатто баъзе аз
касони арақнӯш иддао бар он
мекунанд, ки касе арақ нанӯшад, чун
шахси беэътимоднок шинохта
мешавад.
Чандин ҳазорсолаҳо пеш,
истеҳсоли хамр бо ангур, хурмо, асал,
гандум ва ҷав мавҷуд буд.
Дар шаҳри Мадина маконҳои
истеҳсолии хамр аз ангуру хурмо
машҳур шуда буд. Дар Яман бошад,
арақ аз асалу гандуму ҷав истеҳсол
мешуд.
Аз шеърҳои давраи ҷоҳилӣ
бармеояд, ки қариб сад намуди хамр
будааст.
Расулуллоҳ (с.а.с.) дар замоне омад,
ки дастархони мардум бехамр набуд.
Олими амрикоӣ доктор Ҷуилис
Ҳирсч (Dr. Julius Hirsch) навиштааст,
ки:
- Муҳаммад тариқи Қуръон хамрро
манъ намуд ва асрҳост, ки қисми
зиёди мардум тариқи Қуръон аз
арақнӯшӣ даст мекашанд ва ҳатто
истифода намебаранд. Амрико дар
асри 20 новобаста аз ҳама гуна
таблиғот натавонист, ки пеши роҳи
арақнӯширо гирад.
Расулуллоҳ (с.а.с.) чӣ гуна
муваффақ шуд?
Дар аввал инро бояд гуфт, ки Ӯ
(с.а.с.) худ наменӯшид. Беҳтарин роҳи
манъкунии одати бад, аз он дур
будани шахси насиҳатгар ва
таблиғгар аст.
Расулуллоҳ (с.а.с.) дар вақти Макка
будан бар муқобили хамр муҷодалла
накард. Сафи мусулмонҳо ҳам хело
кам буд.
Дар ҳамон вақт ҳам, на ҳазрати
Муҳаммад (с.а.с.), на ҳазрати Абубакр
(р.а.), на ҳазрати Алӣ (р.а.) ва на
ҳазрати Усмон (р.а.) дар дастархони
арақдор намешинастанд.
Қабл аз нузули ваҳий низ, дар дини
ҳаниф ҳам нишастан дар дастархони
хамрдор шиори мардони аҳли фазл
ҳисоб намешуд. Бобои ҳазрати
Муҳаммад (с.а.с.) Абдулмутолиб низ
хамр наменӯшидааст. Расулуллоҳ
(с.а.с.) низ қабл аз ҳаром шудани
хамр, нисбат ба шароб дурӣ меҷуст.
Ҳатто дар шаби меъроҷ шир ва
шароб пешниҳодаш карда буданд ва
Ӯ (с.а.с.) ширро интихоб намуд.
Оҳиста оҳиста умматро аз хамр дур
кард
Ҳаром шудани хамр яку якбора амр
нашуд. Дар Қуръони Карим оид ба
хамр чор оят аст. Дар аввал ояти 67-
уми сураи «Наҳл», ки Аллоҳ Таъоло
(ҷ.ҷ.) фармудааст:
- Ва аз меваҳои дарахтони нахлу
ангур, мускирот (нопок) ва рӯзии хуб
ва покиза мегиред. Дар ин нишонаи
равшане аст барои ҷамъияте, ки
андеша мекунанд.
Дар ин оят, хамр манъ нашудааст.
Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) ишорат ба он
намудааст, ки хамрро чун ризқи хуб
намебинад.
Дар баробари ин оят, боз
нанӯшидани Расулуллоҳ (с.а.с.)
далолат бар он мекунад, ки хамр
нӯшидан кори хуб нест.
Вақте ки Расулуллоҳ (с.а.с.) ба
Мадина ҳиҷрат намуданд, ансориҳо
(мусулмонҳои аҳли Мадина) дар
дастархонҳояшон хамр мегузоштанд.
Баъзан дар дастархон ҷангу ҷидол
бармехест. Ин буд, ки ҳазрати Умар
(р.а.) ва ҳазрати Муоз (р.а.) назди
Расулуллоҳ (с.а.с.) омаданд ва арз
намуданд, ки «хамр ақлро дур
мекунад».
Расулуллоҳ (с.а.с.) бидуни ваҳий
ҳаракате намекард. Ояти 219-уми
сураи «Бақара» нозил шуд;
ﻳَﺴْﭙَﻠُﻮﻧَﻚَ ﻋَﻦِ ﺍﻟْﺨَﻤْﺮِ ﻭَﺍﻟْﻤَﻴْﺴِﺮِ ﻗُﻞْ ﻓٖﻴﻬِﻤَﺎ ﺍِﺛْﻢٌ ﻛَﺒٖﻴﺮٌ
ﻭَﻣَﻨَﺎﻓِﻊُ ﻟِﻠﻨَّﺎﺱِ ﻭَﺍِﺛْﻤُﻬُﻤَﺎ ﺍَﻛْﺒَﺮُ ﻣِﻦْ ﻧَﻔْﻌِﻬِﻤَﺎ ﻭَﻳَﺴْﭙَﻠُﻮﻧَﻚَ
ﻣَﺎﺫَﺍ ﻳُﻨْﻔِﻘُﻮﻥَ ﻗُﻞِ ﺍﻟْﻌَﻔْﻮَ ﻛَﺬٰﻟِﻚَ ﻳُﺒﻴِّﻦُ ﺍﻟﻠّٰﻪُ ﻟَﻜُﻢُ ﺍﻟْﺎٰﻳَﺎﺕِ
ﻟَﻌَﻠَّﻜُﻢْ ﺗَﺘَﻔَﻜَّﺮُﻭﻥَ
- Дар бораи шароб ва қумор аз Ту
суол мекунанд, бигӯ «дар онҳо гуноҳ
ва зиёни бузурге аст ва манфиатҳое
(аз назари моддӣ) барои мардум дар
бар дорад. (вале) гуноҳи онҳо аз
нафъашон бештар аст. Ва аз ту
мепурсанд: «Чӣ чиз инфоқ
бикунанд?». Бигӯ: «Аз мозоди
ниёзмандии худ». Инчунин Худованд
оятро барои шумо равшан месозад,
шояд андеша кунед».
Дар ояти мазкур Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.)
огоҳ намудааст, ки новобаста аз
фойда ба даст овардани он тариқи
тиҷорат, дар хамр гуноҳ аст.
Қисми зиёди мусулмонҳо тариқи
огоҳии дар боло зикр шуда, ба
арақнӯшӣ хотима бахшиданд.
Баъдан ояти 43-уми сураи «Нисо»
нозил шуд. Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.)
фармудааст:
ﻳَﺎ ﺍَﻳُّﻬَﺎ ﺍﻟَّﺬٖﻳﻦَ ﺍٰﻣَﻨُﻮﺍ ﻟَﺎ ﺗَﻘْﺮَﺑُﻮﺍ ﺍﻟﺼَّﻠٰﻮﺓَ ﻭَﺍَﻧْﺘُﻢْ ﺳُﻜَﺎﺭٰﻯ
ﺣَﺘّٰﻰ ﺗَﻌْﻠَﻤُﻮﺍ ﻣَﺎ ﺗَﻘُﻮﻟُﻮﻥَ ﻭَﻟَﺎ ﺟُﻨُﺒًﺎ ﺍِﻟَّﺎ ﻋَﺎﺑِﺮٖﻯ ﺳَﺒٖﻴﻞٍ
ﺣَﺘّٰﻰ ﺗَﻐْﺘَﺴِﻠُﻮﺍ ﻭَﺍِﻥْ ﻛُﻨْﺘُﻢْ ﻣَﺮْﺿٰﻰ ﺍَﻭْ ﻋَﻠٰﻰ ﺳَﻔَﺮٍ ﺍَﻭْ
ﺟَﺎﺀَ ﺍَﺣَﺪٌ ﻣِﻨْﻜُﻢْ ﻣِﻦَ ﺍﻟْﻐَﺎﺋِﻂِ ﺍَﻭْ ﻟٰﻤَﺴْﺘُﻢُ ﺍﻟﻨِّﺴَﺎﺀَ ﻓَﻠَﻢْ
ﺗَﺠِﺪُﻭﺍ ﻣَﺎﺀً ﻓَﺘَﻴَﻤَّﻤُﻮﺍ ﺻَﻌٖﻴﺪًﺍ ﻃَﻴِّﺒًﺎ ﻓَﺎﻣْﺴَﺤُﻮﺍ
ﺑِﻮُﺟُﻮﻫِﻜُﻢْ ﻭَﺍَﻳْﺪٖﻳﻜُﻢْ ﺍِﻥَّ ﺍﻟﻠّٰﻪَ ﻛَﺎﻥَ ﻋَﻔُﻮًّﺍ ﻏَﻔُﻮﺭًﺍ
- Эй касоне, ки имон овардаед! дар
ҳоли мастӣ ба намоз наздик нашавед,
то бидонед чӣ мегӯед.
Бо ояти мазкур, дур шудан аз хамр
дар вақти намоз, иқдоме буд баҳри
дурӣ шудан аз хамр.
Ояти охирин, ки барои хамр нозил
шуд, ояти 90-уми сураи «Моида»
мебошад, ки Худованди Мутаъол
(ҷ.ҷ.) фармудааст:
ﻳَﺎ ﺍَﻳُّﻬَﺎ ﺍﻟَّﺬٖﻳﻦَ ﺍٰﻣَﻨُﻮﺍ ﺍِﻧَّﻤَﺎ ﺍﻟْﺨَﻤْﺮُ ﻭَﺍﻟْﻤَﻴْﺴِﺮُ ﻭَﺍﻟْﺎَﻧْﺼَﺎﺏُ
ﻭَﺍﻟْﺎَﺯْﻟَﺎﻡُ ﺭِﺟْﺲٌ ﻣِﻦْ ﻋَﻤَﻞِ ﺍﻟﺸَّﻴْﻄَﺎﻥِ ﻓَﺎﺟْﺘَﻨِﺒُﻮﻩُ ﻟَﻌَﻠَّﻜُﻢْ
ﺗُﻔْﻠِﺤُﻮﻥَ
- Эй касоне, ки имон овардаед!
Шаробу қумору бутҳо ва азлом як
навъ бахтозмоӣ) палид ва аз амали
шайтон аст, аз онҳо дурӣ кунед, то
растагор шавед.
Дар ин оят хамр ва қумор кулан
манъ карда шуд, яъне ҳаром хонда
шуд.
Ҳазрати Анас (р.а.) нақл мекунад:
- Мо дар маҷлисе будем, ки
дастархон пур аз хамр буд. Нафаре
омад ва гуфт: «Хамр ҳаром шуд».
Дӯстон дарҳол амр карданд; «Тамоми
зарфҳои хамрро холӣ кунед» (Насоӣ,
Ашриба, 51,2).
Тамоми зарфҳои хамр рехта шуд.
Ин ҳама далолат аз итоати
мусулмонон буд. Итоат бар оятҳои
нозилшуда, ки тариқи Муҳаммад
(с.а.с.) барояшон хонда мешуд.
Мусулмонҳо барои амри илоҳӣ
будан хамрро бар худ ҳаром
намуданд ва тарки хамр намуданд.
Фикри зарарҳои онро тадқиқот
накарданд. Ҳоло дар баробари
донистани амри ҳаром будани он ва
зарарҳои молию маънавии он, боиси
афсусхӯрӣ аст, ки мусулмонҳо ҳам
даст ба арақнӯшӣ мекунанд.
На танҳо нӯшидани хамр,
ҳамзамон тамоми намуди кор бо
хамр ҳаром хонда шуд (Ибни Моҷа,
Ашриба, 30/7).
Кушиши вазорати тандурустӣ
Ҳамагон мебинем, ки оид ба
зарарҳои хамр чӣ тариқи рӯзномаҳо
бошад ва чӣ тариқи фаҳмондадиҳо
бошад, таблиғот рафта истодааст.
Ҳамзамон бархе аз тоҷирони соҳаи
хамр, ҳам таблиғ бар он мебаранд,
ки «барои манъ кардани хамр чорае
нест».
Баъзеҳо ба хотири табобат
арақнӯширо баҳона меоранд, ҳол он
ки баҳри табобат ҳамагуна доруҳое,
ки табибони беғараз тавсия
медиҳанд, мавҷуд аст. Ҳастанд
табибоне, ки арақнӯширо барои
саломатӣ тавсия медиҳанд, зеро худ
мубталои хамр шудаанд.
Ҳама кор аз саршавӣ авҷ мегирад.
Маротиби аввал кам менӯшӣ ва бо
мурури замон ҳаҷми он зиёд шудан
мегирад. Баъди чанде ту худ дарк
намекунӣ, ки чӣ гуна ғуломи хамр
шудаӣ.
Расулуллоҳ (с.а.с.) фармудаанд:
- Ба дурустӣ, хамр даво нест,
баръакс беморкунанда аст (Ибни
Моҷа, Тиб, 27).
Барои боз ҳам монеъа шудан дар
хусуси майнӯш нашудани насл, ба
идораҳои дахлдор тавсия дода
мешавад, ки қимати хамр бардошта
шавад, андоз ва гумруки воридкунӣ
ва содиркунии хамр баланд бардошта
шавад. Шояд ба буҷа зарар диҳад,
аммо бешӯбҳа ба тарбияи насли
оянда саҳми бузурге хоҳад расонид.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон
дар мулоқотҳояш зикр ба он
мекунад, ки «ояндаи кишвар дар
насли оянда аст». Пас, баҳри насли
солими оянда андеша кард ва
пешниҳодҳои бандаро ба инобат
гирифт.
https://youtu.be/KlCNhXJ5L3w
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев