Предыдущая публикация
Фаҳми ту куҷо шуд ки ба ин ҷо нарасидӣ?
Як шаб ба муроди дили мо рӯз накардӣ
Як рӯз ба фаръёди дили мо нарасидӣ
Эй пой талаб суда шудӣ дар раҳи мақсуд
В-эй даст ба домони таманно нарасидӣ
Дар нома навиштам ки маро дар тай дил чист
Дардо ки ба ғаври мани шайдо нарасидӣ
Рафтӣ ба давои дилам эй оҳ ба гардун
Дар вақти гузаштан ба Масеҳо нарасидӣ
Аз гиръяи мо бехабарӣ эй ки дар ин об
Ғарқа нашудӣ балки ба даръё нарасидӣ
Ушшоқи ҳазин Мушфиқӣ охир ба давое
Аз ишқ расиданд ту аммо нарасидӣ
Абдураҳмон_Мушфиқӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев