Интизор меравад, нахуствазир рӯзи 8 июл вориди Русия шавад ва ду рӯз дар ин кишвар бимонад.
Муноқиша дар Украина як масъалаи доғи ҳарду ҷониб аст. Ҳиндустон ҷонибдори ҳалли зудтари ин низоъ аст ва ба изҳороти муштараке, ки дар нишасти Швейтсария қабул шудааст, ҳамроҳ нашуд. Дехлй тарафдори бо рохи дипломатй хал кардани ин масъала мебошад.
Бо вуҷуди таҳримҳои Ғарб, равобити иқтисодии Русия ва Ҳиндустон идома дорад. Дар семоҳаи аввали соли 2024 гардиши мол миёни ду кишвар ба 17,5 миллиард доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 5% бештар аст. Дар тамоми соли 2023 гардиши мол нисбат ба соли 2022 1,8 маротиба афзуда, тақрибан 65 миллиард долларро ташкил дод.
Ҳиндустон яке аз харидорони аслии аслиҳаи Русия аст. Бо вуҷуди коҳиши харид дар солҳои охир, саҳми силоҳи Русия дар воридоти Ҳинд ҳамоно бузургтарин боқӣ мемонад. Илова бар ин, Ҳиндустон севвумин истеъмолкунандаи нафт дар ҷаҳон аст ва бештари ин манобеъро аз Русия мехарад.
Ложкин Платон Агентии иттилоотии "ҶАНГ ВА СУЛҲ: ИНТЕРНЕТ" 05/07/2024
Нет комментариев