Предыдущая публикация
донад,
Қимати шӯриши мачнуншуда
Лайло донад.
Дафтари дарди ғами ишқ ба
бедард махон,
Рамзи ин нукта дили доғи Зулайхо
донад.
Лаззати сӯзиши ин шамь зи
парвона бипурс,
Ки бар ҳар сӯхтанаш роҳати дилҳо
донад.
Зағанонанд зи гулзори муҳаббат
маҳрум,
Завқи базми рухи гул булбули гӯё
донад.
Нест ҳар мурдадиле маҳрами ин
зиндадилон,
Магар аз ишқи ҳақ афсӯн Масеҳо
донад.
Баҳр дар ҷӯш, туӣ ташналаб аз
нодонӣ,
Ҳосили шарбати ин майкада доно
донад.
Завқи сармастии ин шаҳд ба ҳар
ташна магӯ,
Таъми ин ҷуръа ҳамон ташнаи
саҳбо донад.
Мастии бодаи мо Хизр зи зулмот
наёфт,
Сукри ин нашъа куҷо чашмаи эҳё
донад.
Ё раб, ин бодаи завқин ба Ҷунунӣ
омӯз,
То ба маҳшар зи ғамат шӯриши
ғавғо донад.(Маъдан-ул-ҳол)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев