Дар аввал ин лоиҳа ҳамчун маводи иловагӣ барои инетрнет-энсиклопедияи «Нупедии»-лоиҳаи-онлайнии англисизабони ройгон, ки дар он мутахассисон мақола ва тақриз менавиштанд, пешбинӣ шуда буд. Википедия бо суръат афзоиш ёфт ва охири соли 2001-ум аллакай, дар он ҳудуди 20 ҳазор мақола бо 18 забон буд.
Ҳоло дар пойгоҳ 55,6 мллион мақола бо 317 забон мавҷуд аст, бо забони русӣ-1,7 миллион.
Мо зуд-зуд ба Википедия ба хотири дарёфти иттилоъ муроҷиат мекунем, вале он ҳамчун сарчашмаи иттилои дуруст дониста намешавад. Баҳори соли гузашта мутахассисони стартапи «Scite» 2 млн маводи дар Википедия нашршуда ва 840 000 манбаъи дарҷшудаи онро аз нигоҳи илмӣ санҷиданд. Онҳо ба хулосае омаданд, ки 27,4% манбаъҳое, ки дар онлайн-энсиклопедия дарҷ шудаанд, боэътимоданд ва бо таҳқиқоти дахлдор пурра карда шудаанд.
Албатта, шумо метавонед, Викпипедияро барои гирифтани маълумоти умумӣ ба саволатон истифода баред. Вале ҳамчун истифодабаранда шумо бояд огоҳ бошед, ки ин сомона энсклопедияе аст, ки муаллифони зиёде метавонанд маводро таҳрир намуда, маълумоти нодурустро ҷой диҳанд.
Аз ин рў, бо тавсияҳо дар бораи дуруст истифода намудани ин онлайн-энсклипедия ва оё матавон ба Википедия бовар кард ё не, шинос шавед:
Имло. Ба хатогиҳои имлоӣ ва пунктуатсионии матн диққат диҳед, агар онҳо ошкоро ва зуд-зуд бошанд, пас ин аввалин нишонаи беэътимодии мавод аст.
Пешбаҳодиҳӣ (предвзятость). Бодиққат маводро хонед. Дар он пешбаҳодиҳӣ ҳаст? Мақола бояд холис бошад, бе баҳодиҳии пешакӣ ва бе дастгирии ҷониби муайян. Мавод бояд танҳо аз далел ва маълумоте, ки якдигарро инкор намекунанд иборат бошад, ва назари шахсӣ набояд вуҷуд дошта бошад.
Манбаъҳо. Ба худ савол диҳед: чӣ гуна ва бо чӣ маълумот пурра ё тасдиқ карда мешавад? Оё дар охири мақола манбаъҳо дуруст нишон дода шудаанд? Маълумоти дақиқ аз куҷо гирифта шудааст? Кӣ дар пушти он меистад?
Оё шумо ҳамеша маводи Википедияро месанҷед?
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев