Ғайр аз маълумоти воридшавӣ ба акаунтҳо (логин ва рамз) онҳо метавонанд дар хотир дошта бошанд:
- интихоби корбарон, ба монанди забон, қурби асъор ё андозаи ҳарфҳо;
- маҳсулоте, ки мо дидему ба сабади харидорӣ илова кардем;
- матне, ки мо қаблан дар сомона ворид карда будем;
- суроғаи IP ва ҷойгиршавии корбар;
- сана ва вақти боздиди сомона;
- барнома ё OS-и компютер ва версияи браузер;
- кликҳо ва гузаришҳо.
Cookies чӣ тавр кор мекунанд?
Вақте мо дар сомона баъзе амалҳоро иҷро мекунем, масалан, ворид кардани логин ва рамзи аккаунт, сервер ин маълумотро дар “кукиҳо” сабт мекунад ва дар якҷоягӣ бо саҳифаи сомона ба браузер мефиристад. Агар мо пас аз муддате ба он сомона ворид мешавем, браузер кукиро бармегардонад.
Кукиҳо муваққатӣ ва доимӣ мешаванд. Вақте мо браузерро мебандем, “кукиҳои” доимӣ дар компютер боқӣ мемонанд ва кукиҳои муваққатӣ нест карда мешаванд. Кадом “куки” муваққатӣ ва кадом доимӣ аст, таҳиягари сомона муайян мекунад. Ин аст дар баъзе сомонаҳо мо аз акаунтамон хориҷ намешавем, ҳатто вақте пас аз якчанд рӯз ба онҳо ворид мешавем. Дар сомонаи дигар бошад аз ворид кардани дубораи логину рамзро талаб мекунанд, ҳарчанд мо аз компютер панҷ дақиқа дур будем.
Кукиҳо ва бехатарӣ
Худи кукиҳо хатарнок нестанд - онҳо файлҳои матнии оддӣ мебошанд. Онҳо равандҳоро дар компютер иҷро карда наметавонанд ва дар маҷмӯъ бо системаи амалиётӣ (OS) ҳамкорӣ мекунанд. Аммо онҳо метавонанд барои пайгирӣ кардани амалҳои қаблии шумо дар шабака ё логину рамзи шумо дуздида шаванд.
Одатан, маълумоте, ки дар кукиҳо навишта шудаанд, пеш аз фиристодан рамзгузорӣ карда мешаванд ва худи кукиҳо бо истифода аз протоколи HTTPS интиқол дода мешаванд. Ин ба муҳофизати маълумоти корбарон кӯмак мекунад, аммо таҳиягари сайт барои иҷрои рамзгузорӣ ва пешниҳоди бехатар масъул аст. Корбарони сомона танҳо бояд умедвор шаванд, ки ҳама чиз дуруст сохта шудааст. Аммо корбар метавонад ба браузер истифодаи “кукиҳо”- ро манъ кунад ё онҳоро мустақилона тоза кунад.
Хомӯш кардани Cookies мумкин аст?
Тамоман хомӯш кардани “кукиҳо” на ҳамеша фикри хуб аст. Масалан, ҳамаи мағозаҳои онлайнӣ бо истифода аз кукиҳо кор мекунанд. Агар шумо истифодаи онҳоро маҳдуд кунед, сервер наметавонад дар хотир дорад, ки шумо ба сабади харид чӣ илова кардаед.
Тозакунии “кукиҳо” бештар фоидаовар аст, аммо шуморо лозим меояд, ки намуди сомонаро аз нав танзим кунед ва ҳар дафъа ба акаунтатон бо истифодаи логину рамз ворид шавед.
Сабаби дигари мунтазам тоза кардани “кукиҳо” хотираи компютер аст. Онҳо бо мурури замон ҷамъ мешаванд ва метавонанд гигабайтҳо хотира компютератонро банд кунанд.
Аз ин рӯ, дар ҳар чанд моҳ як маротиба пок кардани кукиҳо, ҳадди аққал барои он сомонаҳое, ки шумо кам ворид мешавед, муфид аст.
Чӣ тавр “кукиҳо”-ро дар Chrome тоза кардан мумкин аст
Ба танзимоти браузератон ворид шавед, тугмаи “Бештар” («Дополнительные»)-ро пахш кунед ва дар рӯйхат бахши “маҳрамият ва бехатарӣ” («Конфиденциальность и безопасность»)-ро интихоб кунед. Дар равзанаи дигар, "Файли кукиҳо" – («Файлы cookie»)-пахш карда тугмаи "Ҳама кукиҳо ва маълумоти сомонаро" - ро интихоб карда - ҳама чиро нест кунед (“удалить все”).
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев