Агар донистан хоҳед, ки онҳо ба тафаккури мо чӣ гуна таъсир расониданд, маводи зерро мутолиа намоед.
Хавфи вайроншавии муносибатҳоро зиёд кард
Шабакаи иҷтимоӣ барои муносибатҳои ошиқон ҷойи начандон муфид ҳаст. Олимон муайян кардаанд, ки агар одамон аз шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд истифода кунанд, хавфи ҷудошавӣ, хиёнати эмотсионалӣ ё ҷисмонӣ ҳамон қадар зиёдтар мешавад. Ин ягона омӯзише нест, ки дар асоси он ба ин натиҷа расидаанд. Яке аз сабабҳои ҷанҷолҳо рашк аст, ки на ҳамеша беасос аст.
Маҳз Интернет боиси пайдоиши истилоҳи «микрохиёнат» гардид. Ба ин шаклҳои гуногуни ишқварзии онлайнӣ, аз ҷумла лайкҳои сершумор дохил мешаванд. Агар шабакаҳои иҷтимоӣ намебуданд, ин гуна мушкилиҳо пайдо намешуданд.
Дарди ҷудоиро сангинтар намуд
Масали "аз чашм рафтӣ, аз дил ҳам меравӣ”-ро шабакаҳои иҷтимоӣ аз миён бурданд. Ҷонибҳо пас аз ҷудоӣ ба саҳифаҳои ҳамдигар сар зада, мехоҳанд аз ҳаёти дӯстдоштаи собиқи худ огоҳ шаванд, ки ин кор баръакс дарди ҷудоиро вазнинтар мекунад.
Тамосро осонтар карданд
Гарчанде ки аъзоёни оила дар саросари ҷаҳон пароканда бошанд ҳам, нигоҳ доштани тамос барояшон бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ осонтар аст. Модаркалон метавонад дастовардҳои набераҳояшонро тариқи ин шабакаҳо пайравӣ кунад ва бо фарзандонаш ба таври доимӣ дар тамос бошад. Хешовандон имкон доранд, ки дар режими конфронсӣ байни ҳам суҳбат кунанд.
Доираи муоширатро васеъ намуд
Шабакаҳои иҷтимоӣ ба шумо имкон медиҳанд, ки бо шумораи зиёди одамон аз гӯшаҳои гуногуни олам муошират кунед. Шумо метавонед на танҳо бо ҳамкор ё дӯстатон, балки бо шахсиятҳои номӣ низ мукотиба намоед.
Афзоиши танҳоӣ
Тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ доираи муошират васеътар мешавад, аммо ин корбаронро аз танҳоӣ намераҳонад. Тадқиқот нишон додаст, ки агар дӯстони интернетии шумо танҳо бошанд, он метавонад ба шумо низ таъсир мерасонад. Худро доимо муқоиса кардан бо корбарони дигар ба ҳисси танҳоӣ мусоидат мекунад. Ба корбар чунин менамояд, ки дигарон нисбат ба ӯ ҷолибтар ҷолибтар зиндагӣ мекунанд.
Алоқаи мустақимро душвор кард
Тибқи гуфтаи равоншинос Елена Светлая, аксар вақт муштариён бо чунин мушкилот гирифтор мешаванд: Дар интернет муошират кардан осонтар аст, аммо вақте ки шумо шахсан мулоқот мекунед, баъзе нофаҳмиҳо ба миён меоянд. Шумо худро дар мулоқоти рӯ ба рӯ гум мекунед.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 8