Маълум аст, ки бе мавҷудияти ваҳдати миллӣ давлати миллӣ бақо нахоҳад дошт. Аммо барои будани ваҳдати миллӣ бояд аввал худшиносии мардум боло равад. Зарур аст, ки миллати мо таърихи худро дона два бо саҳифаҳои пурифтихори он бифахраду аз он илҳом гирад. Мардум бояд аз огоҳ бошад ва барои рушди дуруст ва ояндаи сазовор биандешаду талош дошта бошад.
Бо ин мақсад бояд сатҳи донишу маърифати мардум баланд гардида, насли наврас дуруст тарбия ёбад. Амнияту субот, рушди соҳаҳои давлат, таҳкими пояҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, афзоиши обрўи байналхалқии кишвар, пеш аз ҳама ба таъмини волоияти қонун дар саросари Тоҷикистон вобаста мебошад.
Аз ин рӯ, фаъолияти тамоми ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳон ҷамъиятӣ, муассисаҳои динӣ, умуман ҳар як шаҳрванд бояд фақат дар доираи қинун, хусусан Конститутсия сурат гирад. Маҳз бо риояи қонун ва пойбанди қонун будан ҷомеаи демократию мутамаддин бунёд кардан имконпазир аст.
Аммо бархе аз душманони миллати тоҷик, ки дасттовардҳои ахири давлати моро нодида мегиранд, хусусан раҳбарияти ташкилоти террористии наҳзати исломӣ берун аз кишвар қарор дошта, ба амалҳои нангине даст мезананд.
Ҳол он ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ пас аз ошкор гардидани симои аслии ин гуруҳ ва руй задани амалҳои солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба сомонрасондаи онҳо, онҳоро дуруст шинохтааст. Тамоми мардум аз мақсаду ҳадафҳои манфуру бади ин гуруҳ огоҳ гардида, амалу кирдор ва рафторҳои номатлуби онҳоро маҳкум кардаанд.
Террористони наҳзатиҳо бо ҳиллаю найранг ва усулҳои маъмулии хоси ифротиёни мазҳабзада мехоҳанд мардумро фиребанд. Худро бо чеҳраи дигар ҷилва медиҳанд. Аммо офтобро бо доман пушида намешавад, гуфтаанд. Мардум ҷиноятҳои онҳоро фаромуш накардааст. Аз ин рӯ, тамоми фаъолияти таблиғотии онҳо ки бар дуруғу туҳмат асос ёфтаанд, ба мардуми кишвар асаре нахоҳанд дошт.
Бояд таъкид кард, ки имрӯз сиёсати созандагии Раҳбари давлат комилан барои беҳбудии мардум равона гардида, зина ба зина масоили иҷтимоӣ ҳал мегарданд. Кишвар дар соҳаҳои муҳими ҳаёт рушд мекунад. Комёбиҳои нав ба нав ба даст оварда мешаванд. Бунёди иншоотҳои бузурги саноатию энергетикӣ, роҳҳою нақбҳо, корхонаҳо, муассисаҳои фароғатию варзиши, иншооти соҳаи маорифу тандурусти исботи ин гуфтаҳост.
Сиёсати хориҷии раҳбарияти кишвар низ ба самти дуруст ва муваффақона пеш бурда мешавад. Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун давлати демократию дунявӣ ва тараққипарвар эътироф мекунанд. Ташаббусҳою иқдомоти раҳбарияти давлат вобаста ба масоили муҳими ҷаҳонӣ, хусусан дар соҳаби об пазируфта шудаанд.
Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки раҳбарияти кишварамон дар самти Афғонистон мавқеи қатъӣ ва устувор дошта, ҷонибдори ташкили як ҳукумати фарогири манофеи кулли неруҳои сиёсӣ ва ақвоми сокини он кишвар мебошад. Дар ин мавқеъ Тоҷикистон то ҳануз устувор мондааст. Ҳолати мазкур бар хилофи пиндору ҳарзагуиҳои душманони миллат, сиёсати дуруст ва санҷидашуда доштани кишвари моро нишон медиҳад.
Аммо душманона будани мақсади наҳзатиҳо ва манфуру бад будани мақсади онҳо ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ маълум шудааст. Имрӯз аврупоиён низ хуб дарк намудаанд, ки наҳзатиҳо як тудаи ҷинояткоранд ва бо онҳо ҳамкорӣ кардан амали хатою ҷиноят аст.
Саркардаҳои наҳзат дар шабакаҳои иҷтимоӣ худро ба ҳама гуна роҳу васила сафед кардан мехоҳанд, вале ин амалҳо натиҷа надоранд. Баръакс нафрати кишварҳои аврупоӣ нисбати ин ташкилот руз аз руз бештар мешавад. Маълум аст, ки дер ё зуд аз Аврупо наҳзатиҳоро меронанд. Ягон кишвар дигар ин ҷинояткоронро қабул надорад. Он гоҳ бояд дар назди мардум ва қонуни кишвар ҷавоб гуянд.
Шералӣ Набиев,
муҳаққиқ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев