Дар пайи густариши эътирозоти зиддидавлатӣ дар Бангладеш шумори кушташудагон ба 105 нафар расида ва донишҷӯёни норозӣ бо ҳамла ба як зиндон садҳо зиндониро озод карданд.
Ба гузориши ТоҷикПресс, гузоришҳо нишон медиҳад шумори қурбониён дар эътирозоти донишҷӯён алайҳи саҳмиябандии машоғили давлатӣ дар Бангладеш ба 105 нафар афзоиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, полиси Бангладеш гуфт, донишҷӯёни муътариз ҷумъа ба зиндоне дар шаҳри Нарсингди дар маркази ин кишвар ҳамла карда ва садҳо зиндониро озод карда ва ин марказро ба оташ кашиданд.
Як афсари полиси Бангладеш, ки хостааст номаш фош нашавад, гуфт: Шумори афроди озод шударо намедонам, аммо болиғ бар садҳо нафар аст.
Ин таҳаввулот дар ҳоле рух дод, ки полис баргузории ҷамъомадҳои оммавӣ дар пойтахти Бангладешро манъ ва интернетро қатъ кардааст то аз ташдиди эътирозоти хушунатомез дар ин калоншаҳри 20 миллион нафарӣ ҷилавгирӣ кунад. https://tajikpress.com/2024/07/20/%d0%b3%d1%83%d1%81%d1%82%d0%b0%d1%80%d0%b8%d1%88%d0%b8-%d1%8d%d1%8a%d1%82%d0%b8%d1%80%d0%be%d0%b7%d0%be%d1%82%d0%b8-%d0%b7%d0%b8%d0%b4%d0%b4%d0%b8%d0%b4%d0%b0%d0%b2%d0%bb%d0%b0%d1%82%d3%a3-%d0%b1/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев