Идомаи Дарси 1 "Ҳарфҳои мунфасила"
Ҳарфи ا (Алиф) дар мобайн ва охири калима ҳамеша "о" хонда мешавад:
мисолҳо: داد، ، دار، راد، راز، ژاژ، روا، دادا، دارا
Ҳарфи ا (Алиф) дар аввали калима овозҳои зеринро ифода менамояд:
а) "а" - از، ادوار، ادا، اوراد
б) "и" - ازا، اذا، اراده
в) "у" - اردو، استوار، استوانه
Овози "а" дар мобайни калима хонда мешавад амо дар хат навишта намешавад:
زر، ور، در، دراز، ورز، داور، درز
Дар аввали калима барои ифодаи овози "о" ба болои ҳарфи ا (Алиф) аломати мадда "~" мегузоранд:
آزاد، آرزو، آواز، آزار، آذر
Ҳарфи و (вов) овози "в"-ро ифода менамояд:
وار، وارد، دوا، آواز، واو، داور، درواز
Ҳамчунин ҳарфи و (вов) дар байн ва охири калима овозҳои зеринро ифода менамояд:
а) "у" - زود، دور، دود، دارو، آرزو
б) "ӯ" - روز، دوز، زور، رود
Ҷонишини шахси сеюми танҳо "ӯ" ба воситаи ҳарфҳои ا (Алиф) ва و (вов) навишта мешавад: او
Пайвандаки пайвасти паиҳами "-у", "ва" бо як ҳарфи و (вов) навишта мешавад:
دارو و دوا، دادا و دارا
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев